АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Мефаҳмед, ки ин чӣ хел дуруст?
– Не,– рўйирост иқрор шуд Асоев.
– Ин доруест, ки дар хоҷагии қишлоқ дар соҳаи зироаткорӣ истифода мебаранд ва он барои ҳама дастрас нест. Яъне дар зери назорати махсус аст ва чи хел истифода бурдани онро танҳо мутахассисони ин соҳа, аз ҷумла агрономҳо медонанд.
Азбаски Зоҳир Камол дўстдори нўшокии спиртӣ набуд ва танҳо дар ҳолатҳои фавқуллода,баъзан коняк менўшид, маҳз ҳамин доруро дар коняк ба ў доданд. Аз ин бармеояд, шахсе ки ба ў дору додаст, хислатҳои маҳрумро нағз медонистааст.
– Гуфтаниед, ки ҷинояткорро аз байни ёру дўстон ва шиносҳои маҳрум ҷўем – пурсид Асоев.
– Ман не, фактҳо ҳаминро талаб мекунанд.
Сорбони Ҳомид ҳуҷатҳояшро ғундошта омодаи сафар шуд.
– Чӣ дар ҳамин бегоҳӣ меравед, – пурсид Асоев.
– Илоҷи дигар нест, чӣ хеле ки мегўянд, вақт рафт– нақт рафт.
Асоев ўро дар мотосикли хизматиаш шинонда, то роҳи калон оварда, дар автомашинаи роҳгузаре савор кард.
Қарибиҳои субҳ автомашина ба Сарчашма расид. Сорбони Ҳомид дар пеши бинои милиса фаромад…
… 13 …
Онҳо ду нафаранд дар як ҷон.
Яке дар пояи назди тиреза рост истода, дигаре дар батни ў фориғ аз оламу одам.
Ҳарду дар интизори як кас.
Яке дар интизори шавҳар ва дуюми дар интизори падар.
Аслан дуюмӣ парвои падарро ҳам надорад, вале якумӣ ўро маҷбуран ба назди тиреза меорад.
Чӣ илоҷ охир зўр дар болои нотавон қарз дорад.
Охир ў модар аст ва бо модар касе даст ба гиребон нашудааст.
1.Гранозан – доруест, ки барои нест кардани сиёҳак дар тухми ғаладона истифода мебаранд. Дар як тонна тухми 1–1,5 кг дору.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор