АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

ва ба муқобили ин «вабо»
милитсионерон бояд истодагарӣ намоянд ва муташаккил бошанд.
Сорбони Ҳомид дурустии ин фикрро имрўз дар ҳаракатҳои нозири минтақавӣ Асоев дид. Дар давоми ду рўз Асоев он қадар маълумоти оперативӣ овард, ки Сорбони Ҳомид онро дар давоми ҳафта имконияти ҷамъкунӣ надошт, чунки бо ин маҳал ва мардуми он шинос набуд ва на ҳар кас яку якбора сири дилашро ба шахси ношинос мегўяд…
Вақте, ки Сорбони Ҳомид мактуби беимзоро ба Асоев нишон дод, нозири минтақавӣ бе ягон дудилигӣ гуфт, ки калимаҳои дар мактуб дарҷшуда аз рўйи шрифташон ба калимаҳои газетаи ноҳиявии онҳо монанд аст, ки дар Сафедоб чоп мешавад. Ба саволи Сорбони Ҳомид, ки инро аз куҷо фаҳмидӣ Асоев гуфт ки ба ғайр аз газетаи ноҳиявии онҳо дар ҷумҳурӣ дигар ҳама газетаҳо дар шакли офсет чоп мешаванд.
Баъдтар фикри Асоевро экспертизаи хатшиносӣ низ тасдиқ кард…
Газетаи ноҳиявии «Зарбдор» бо шумораи на он қадар зиёд дар матбааи ноҳия чоп мешуд ва онро дар дигар ноҳияҳо дастрас кардан амри маҳол буд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин буд, ки аризанависро аз ҳамин маҳал ҷўстан лозим аст.
Буриш ва ҷо ба ҷо гузории калимаҳо дар матни мактуби беимзо аз ҳунари воло ва санъати нозуки шахси ба ин кор дастзада хабар медод.
Агар мактуб бо даст навишта мешуд, илми хатшиносӣ ба кадом ҷинс мансубият доштани онро муайян мекард. Вале то ҳоло ҳамин илми пешқадам ба он пояе нарасидааст, ки аз рўйи дар коғаз ширеш кардани калимаҳои аз газета буридашуда ҷинси шахсро муайян созад. Вале дар ҳама ҳолат аз рўйи ақли солим амал кардан лозим меояд. Сорбони Ҳомид ва Асоев низ ба хулосае омаданд, ки кор бе иштироки зан нагузаштааст…
– Рафиқ лейтенанти калон муроҷиат кард Сорбони Ҳомид ба нозири минтақавӣ Асоев. Ба фикрам як ҳолати дигари корро низ бе ёрии шумо ҳал кардан ғайриимкон аст.
– Чӣ будааст он?
– Ҳангоми кушодани ҷасади Зоҳир Камол экспертизаи тибби судӣ муайян кардааст, ки маҳрум дар натиҷаи истеъмоли гранозан1 ба ҳалокат расидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор