АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Дилаш тоқат накарду рўзи дигар ба назди профессор Суман Ҳакимова рафт. Пас аз муоина Суман Ҳакимова бори дигар дурустии ташхиси духтури дирўзаро тасдиқ кард ва ба модари ҷавон баъзе маслиҳатҳои муфид дод…
– Заргар, хоначаи панҷум,– гуфтани радиои дохили шўъбаи алоқа Наргисро аз байни хайёлотҳои ширин вораҳонд ва ў аз ҷой хеста вориди хоначаи панҷум шуда, гўшаки телефонро бардошт.
– Ало, ало, Зоҳирро мумкин – мӣ?
– Гўшам ба шумо ҷонакам,– шунид ў овози шавҳарро.
– Чаро рўзи истироҳат наомадӣ,– гила кард зан.
– Кори хона ба бозор рост намеояд, имрўз меоям аз шаҳр дору овардан лозим. Баъзе чорвоҳо ба касалии оқсил гирифтор шудагӣ. Бо қарори ҳукумати ноҳия дар «Заргар» карантин эълон карда шуд, аз ин рў омада натавонистам…
– Хайр то боздид, бароят хушхабаре дорам чун омиадӣ мефаҳмӣ,– гўён Наргис гўшакро ба ҷояш гузошт ва ба берун баромад…
… 12 …
Рўзи дуюм аст, ки ваколатдори кофтукови ҷинояти ШКД– и ноҳияи Сарчашма Сорбони Ҳомид дар совхози «Заргар» – и ноҳияи Сафедоб бо роҳбарону сармутахассисони совхоз, инчунин бо онҳое, ки Зоҳир Камолро мешинохтанд суҳбат дорад. Дар ин кор ба ў нозири минтақавии ноҳияи Сафедоб лейтенанти калони милиса Ҳиматихудо Асоев ёрӣ медиҳад.
Сорбони Ҳомид дар утоқи кории Асоев, ки дар бинои шурои деҳот ҷойгир аст, ба иҷрои вазифаи хизматии худ машғул аст.
Роҳбаронип хоҷагӣ барои ў дар бинои совхоз утоқи кории дурустареро интихоб намуданд, вале лейтенант Сорбони Ҳомид гуфт, ки аллакай дар бораи бино бо нозири минтақавӣ гуфтугў кардааст ва акнун ба ин бино омаданро аз рўйи одоб намешуморад.
Ҳаст соҳаҳое, ки мувафақияти яке дигареро рўҳафтода мекунад, чунки рақобат аст, вале дар милиса баръакс аст. Дар ин ҷо рақиби ҳама ҷинояткор аст. Ҷинояткор бошад ҷою макони аниқ надорад, ҳар куҷоеро ки сустар ёфт чун даранда ба он ҷо ҳуҷум мекунад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор