Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Акнун аз дасти ин аблаҳон (мудири ферма, сарбухгалтер, сарзотехник) ба марра расидем.
– Нафси бад дар давоми як соли дар курсии мансаб будан маро ба ин гурўҳи ҷиноятпеша ҳамроҳ кард ва акнун лозим меояд, ки курсии мансабро ба курсии судӣ иваз намоям. Роҳи сеюм барои ман ва ман баринҳо нест.
– Мумкин?
– Марҳамат дароед.
Ҷавони 24–25 солае вориди утоқи Олимов шуда, худро муарифӣ кард.
– Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ноҳияи Сарчашма, лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид.
– Директори совхоз «Заргар» Олимов. –Марҳамат гузашта шинед. Гўшам ба шумо…

… 11 …

Зоҳир наомад…
Субҳи рўзи чоршанбе Наргис боз роҳи шўъбаи алоқаро пеш гирифт.
Ҳафтаи гузашта вақте Зоҳир аз «Заргар» омад, ҳамсарро бо чашмони маҳзўну чеҳраи коҳида дида, сабаб пурсид.
Наргис гуфт ки вақтҳои охир сарам чарх мезанаду пеши чашмонамро сиёҳӣ пахш мекунад.
Субҳи рўзи душанбе вақте ки Зоҳир ба кор мерафт, Наргисро то пеши поликлиникаи минтақавӣ бурда худ ба «Заргар» рафт.
Пас аз ташхис духтур ба ў гуфт, ки дар батнаш тифл дорад.
Бо як азоб худро ба даст гирифта берун баромад ва ашки шодӣ рехт. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки ў акнун барои Зоҳир тифле ба дунё меорад. Акнун Махсуму Махсум баринҳо Зоҳирро ба безурётӣ муттаҳам карда наметавонанд. Хост ҳамон лаҳза рафта ба Зоҳир телефон кунад, вале боз аз райъаш гашт. Худаш меомадагист, охир. Ба замми ин баъди ин хушхабар мехоҳам ба чашмони ў нигарам. Албатта, пас аз таваллуди тифл ў дигар дар «Заргар» кор нахоҳад кард, чунки тоқати ҷудоӣ аз фарзанд, аз оне ки ба дунё омаданашро даҳ сол боз интизорӣ кашидааст, нахоҳад кард.

пешина
аз 416
навбатӣ