АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Канӣ ҳуҷҷатҳо?
– Ана шеф. (Ҳусейнов аз папкааш як чанд коғазро бароварда назди Олимов гузошт.)
– О, дар рўзҳои наздик мо ягон сар чорво ба комбинати гўшт, аз он ҷумла ягон сар чорвои касалро ба салоҳхонаи санитарӣ нафиристодаем– ку?
– Ду ҳафта пеш супорида будем, вале ҳуҷҷат нокарда монданд, ба замми ин марги Зоҳир – ака ҳамаамонро дар шигифт монд ва натавонистем, ки ҳуҷҷатҳоро тахт созем, барои ҳамин ба наздатон омадам шеф.
– Ҳар корро дар вақту соаташ анҷом додан даркор, бо ин рафторатон ягон рўз сари моро мехўред. Акнун ба ҷойи сарбайтор кӣ имзо мекунад?
– Агар Махсумро ба вазифаи сарбайтор мегузаронидед ҳама корҳо тахт мешуданд?
– Ту чӣ девона шудӣ магар? Мудири ферма шуда намефаҳмӣ, ки фарқи зоотехник аз бойтор чист?
– Охир Махсум ҳам ҳама чизро медонад– ку, ҳамон донишгоҳи хоҷагии қишлоқро тамом кардагӣ.
– Не, ин имкон надорад.
– Чаро?
– Чунки дар рўзҳои наздик тафтишгарон меоянд ва моро санҷиши бузурге дар пеш аст ва ана ин коғазҳоятро ҳам гир, ман ба онҳо имзо намегузорам.
– Шеф охир ин чӣ хел мешавад?
– Барои ман дигар фарқаш нест.
– Шояд ягон санҷиш нашавад?
– Мешавад ва тафтишгаронро ба ин хоҷагӣ худи шумо даъват кардед?
– Наход ба ман бовар накунед?
– Беҳтараш ба милиса раведу ба гуноҳатон иқрор шавед.
– Ба кадом гуноҳам, шумо чиҳо гуфта истодаед шеф?
– Он чи ки ба манфиати шумо буд ман гуфтам, акнун метавонед равед.
– Ҳусайнов бо сари ҳам баромада рафт.
– Олимов сарбухгалтерро ба наздаш хонда супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои бухгатериро барои санҷиш омода созад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор