Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сорбони Ҳомид мактубро хонда, чӣ гуфтанашро надонист.
– Ҳа, чаро хомўшед? – пурсид Мўсоев.
– Чӣ гўям? – ҳеҷ чизро намефаҳмам, рафту ягон кас мехоҳад тафтишотро аз роҳи рост барорад.
– Агар моро ба роҳи рост ҳидоят кунад – чӣ?
– Ба гумон аст.
– Чаро?
– Агар мақсадаш ғаразнок набошад, ин қадар пинҳонкории ў (ба мактуб ишора карда) баҳри чист?
– Аниқ кардани ҳамаи инро давлат ба зимаи ману шумо вогузоштааст. Аз рўйи ин мактуб плану чорабиниҳои оперативӣ тартиб дода, онро барои тасдиқ пагоҳ субҳ ба назди ман биёред.
– Хуб шудааст, рухсат диҳед равам,– ба таври низоми соқҳои мўзаашро ба ҳам зада, қоматашро рост карда гуфт лейтенант.
– Ба шумо барори кор мехоҳам,– гуфт сардори ШКД…

… 10 …

Директори совхози «Заргар» –и ноҳияи Сафедоб Олимов тайи чанд рўзи охир моргазидаеро мемонд. Ў аз як кунҷ ба кунҷи дигари утоқи кориаш қадам зада, зери лаб ким чиҳо мегуфт. Умуман, ба ин ҷо омаданаш лозим набуд. Ба ҳамааш худам гунаҳкор. Ҳар кӣ аз пайи курсии мансаб давид оқибаташ ҳамин. Панди бузургон: «Аввал бубин ҷойи худ, баъд бимон пойи худ»–ро ба инобат нагирифтаму ана оқибаташ…
Дар кушода шуду мудири ферма Ҳусейнов вориди утоқи кории директор шуда, ўро дар ҳолати аҷибе дарёфт.
– Мебахшед шеф. Барои бе рухсат даромаданам узр.
Нафаҳмидам, ки шумо ҳам шеър азёд мекунед.
– Аз куҷо гирифтед, ки ман шеър азёд мекунам?
– Охир ҳоло худам дидам, ки қадамзанон зери лаб чизе мегуфтед.
– Шумо ҳам бало.
– Мо ҳамеша дуогўи шумо шеф.
– Хуш, ягон хизмат буд?
– Ҳа, баъзе ҳуҷҷатҳоро имзо кардан лозим буд.

пешина
аз 416
навбатӣ