АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 9 …
Дар шўъбаи алоқа ба ў хабар доданд, ки то рўзи чоршанбе бинобар корҳои барқароркунии хати барқ дар самти Сафедоб телефонҳо кор намекунанд.
– Замин сахту осмон баланд аз дасти мани мушти пар чӣ ҳам меояд, акнун маҷбурам то рўзи чоршанбе интизор шавам.
Рафту толеам баландӣ кунаду Зохир худаш биёяд нуран алонур мешавад,– бо ҳамин фикру хаёл ў бинои шўъбаи алоқаро тарк кард.
Мўсоев мактуби беимзоро хонда ба андеша фурў рафт.
Мактуб дар асл оддӣ набуд. Шахси онро фиристонанда меҳнати зиёде ба харҷ дода калимаҳои зиёдеро аз даҳҳо газета бурида, бо як дилпурие болои коғази сафед чида, ба умеди дарёфти ҳақиқат ба милиса фиристода буд.
Дар давоми зиёда аз бист соли кор дар милиса Мўсоев бо чунин мактуб бори аввал вомехўрд. Аслан мактубҳои беимзо дар таҷрибаи кории Мўсоев хеле зиёд буданд, ки онҳо аслан бо даст ва ё дар ягон мошинкаи чопӣ навишта шуда буданд. Вале калимаҳои типографии аз газетаҳо буридашударо ки ба сифати мактуби беимзо хизмат мекарданд бори аввал вомехўрд.
– Ҳайфи рўзномаҳои буридашуда,– гуфт ў зери лаб.
«Муҳтарам Мўсоев, Шумо ки дар Сарчашма роҳбари навед то ҳоло бо собуни Одилов барин ҷинояткорон сар нашўстаед. Мегўянд, ки нақши дастони ин қотилро аз шишаи коняки панҷситорадори арманӣ аз хонаи худораҳматӣ, илоҳо ҷояш ҷаннат шавад, Зоҳир Камол ёфтаед. Пас чаро ўро ҳабс намекунед? Ё бо ҷинояткорон шартномаи ба ҳам ҳуҷумнакунӣ бастаед? Дуогўйи шумо ҳастем».
Мўсоев мактубро ба як гўшаи миз гузошта, тугмаи зангро зер кард. Котиба рухсат пурсида интизори амри сардор шуд.
– Сорбони Ҳомидро гўед ба назди ман дарояд.
Духтарак хуб шудааст,– гўён баромада рафт.
– Лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид бо амри шумо ҳозир шуд!
Ҳозир шуданашон– ку хуб, вале ана инро… – ў мактубро аз як гўшаи миз бардошта ба дасти лейтенант дод, чӣ хел мекунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор