Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 8 …

Як сол пеш баъди шом садои занги дар баланд шуд. Наргис гумон кард, ки Зоҳир омад, чунки бегоҳии якшанбе буд. Дарро кушоду дар рў ба рўяш Махсумро дид. Махсум сарзоотехники совхози «Заргар» буд ва борҳо ҳамроҳи Зоҳир ба ин хонадон омада буд ва нону намаки Зоҳирро хўрда буд. Зоҳирро бародар мегуфт ва гарчанде ҳамсоли Наргис буд, ўро апа мегуфт.
– Ҳа, дар ин бевақтӣ аз куҷо? – пурсид Наргис.
– Ду рўз боз дар шаҳрам, гуфтам, ки бо ака Зоҳир чорта суҳбат кунам,– гуфт Махсум.
– Зоҳир то ҳоло наомадааст.
– Меояд, мумкин ман каме интизораш шавам,– гуфт Махсум,– бисёр кори зарурам ҳаст.
Наргис ба ў бовар кард ва ўро ба хона таклиф намуд.
Ҳарчанд интизорӣ кашид, Зоҳир наомад. Дастархон густурда ба пеши Махсум таом овард.
Дар сари дастархон Махсум нисбат ба Зоҳир ҳар хел гапҳо гуфтан гирифт, ўро ба безурётӣ муттаҳам карда гуфт, ки набояд Наргис умрашро зоеъ кунад.
Наргис ўро огоҳ кард, ки шаъни худро нигоҳ дорад ва аз ҳад нагузаронад. Махсум, ки алакай ба намакдон туф карда буд, аз райъаш нагашт. Ў бо як ҷаҳиш чун гурба ба Наргис часпид ва изҳори муҳаббат кард. Аз осмон овардани ситораро ваъда кард. Наргис бо тамоми қувва ба рўйи ў торсакии обдоре фароварда, худ саросемавор ба берун давида баромад.
Наргисро дар берун дида, рози дилашро давом додан хост.
– Агар рафторат ҳамин бошад ҳеҷ гоҳ рўйи фарзандро нахоҳӣ дид.
– Садқаи нону намаки Зоҳир шавӣ,– гўён Наргис ба рўяш туф кард.
– Зинда бошем мебинем,– гуфт Махсум ва ба тарафи истгоҳ рафт.
Наргис ба хона даромада дарро аз дарун баст. Чунон ашк рехт ки… Ба тақдири бади худу шавҳар ва чунин дўстони кўрнамак чун Махсум ҳазорҳо бор лаънат хонд…

пешина
аз 416
навбатӣ