Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 7 …

Рўзи шанбе муаллимаи забони немисӣ дар Донишгоҳи омўзгории Душанбе Наргис Алиева бояд ба санаторияи Хоҷаобигарм мерафт. Азбаски санаторияи Хоҷаобигарм дар ду қадам аз Душанбе воқеъ аст Наргисро дар ин гармии тоқатфарсои моҳи июл аз ҷустуҷў ва дарёфти билети нақлиёт озод кард. Умуман, кам одамоне ёфт мешаванд, ки орзуи истироҳат дар Хоҷаобигарм накарда бошанд. Дар гармии тоқатфарсои шаҳр дар моҳи июл дарёфти путёвка барои истироҳатгоҳе чун Хоҷаобигарм осон набуд. Вақте, ки ўро ба назди ректори донишгоҳ даъват карданд ҳеҷ гумон надошт, ки соҳиби путёвка ба Хоҷаобигарм мегардад. Ректори донишгоҳ Ҷўраев пас аз аҳволпурсӣ гуфт:
– Дирўз барои мо ба санатрияи Хоҷаобигарм ду путёвка ҷудо карданд. Дар ин инҷо мо бо раиси иттифоқҳои касабаи донишгоҳ Алӣ Карим маслиҳат намуда, ба хулосае омадем, ки барои гирифтани путёвка аз шумо дида номзади арзандае нест.
Равед путёвкаҳоро гиреду ҳамроҳи язнамулло хуб истироҳат карда, бо як қувваи тоза ба соли нави таҳсил биёед.
– Раҳмат муаллим гўён Наргис аз утоқи кории Ҷўраев баромад. Пас аз ним соат ду роҳхат аллакай дар дасташ буд.
– Акнун ба Зоҳир телефон кардан даркор,– гўён ў роҳи шўъбаи алоқаро пеш гирифт…
Наргис дар кўчаҳои шаҳр ба тарафи шўъбаи алоқа қадам зада, воқеаҳои як ҳафтаи охирро пеши назар овард. Ҳафтаи гузаштаро метавонист ҳафтаи муваффақиятҳо, ҳафтаи табаддулотҳои бузург дар зиндагии якҷояи худу Зоҳир арзёбӣ кард. То ҳанўз аз ин табадуллотҳо хабар надошт ва акнун ба воситаи телефон бояд ба шавҳараш хабар медод.
Дирўз бояд Зоҳир ба хона меомад, вале наомад. Дар давоми се соли охир Зоҳир танҳо рўзҳои истироҳат ба хона меояд, боқимонда рўзҳо ў дар «Заргар» чи хеле, ки дугонаҳои Наргис мегўянд аз қафои пода аст. Наргис дар ин муддати се сол ба ин тарзи зиндагӣ одат кардааст. Ба хаёл хам намеорад, ки аз ин тарзи зиндагӣ баъзеҳо хуб истифода бурданӣ мешаванд…

пешина
аз 416
навбатӣ