АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Навбат ба шумо рафиқ лейтенант, – гўён Мўсоев бо дасташ ба тарафи Сорбони Ҳомид ишора кард.
– Асрори фоҷиавии дар Сарчашма рухдодаро, ба фикрам, аз совхози «Заргар» -и ноҳияи Сафедоб ҷўстан лозим аст, – ба сухан оғоз карда Сорбони Ҳомид.
Аз рўйи маълумотҳои бо ёрию кўмаки кормандони ШКД ноҳияи Сафедоб ва апарати ёрирасони он ба даст оварда Зоҳир Камол як рўз пеш аз ба шаҳр омаданаш дар маҷлиси назди директори хоҷагии «Заргар» баромад карда, норозигии худро нисбат ба бо пули нақт аз хоҷагиҳои шахсӣ харидани чорвои калони шохдор иброз намудааст. Зоҳир Камол барои иҷро нашуданӣ плани ба давлат супоридани гўшт мудири ферма Ҳусейновро ба хунукназари гунаҳкор карда, аз директори хоҷагӣ Олимов талаб намудааст, ки дар совхоз тафтиши ҳуҷҷатӣ гузаронида шавад. Дар мадди аввал ин хабар шояд камаҳмият намояд?
– Ба шарте, ки сарбайтор зинда мемонд,– сухани лейтенантро қувват дод сармуфаттиш И. Гулов.
– Ҳамин хел рафиқ майор, – гуфт Сорбони Ҳомид,вале Зоҳир Камолро баъди як рўзи ин маҷлис ба қатл расониданд.
Акнун мо ҳуқуқи маънавии ин масъаларо мадди назар кардан надорем. Охир то шамол набошад шохи дарахт намеҷунбад.
– Лейтенант гўед, ки номзади илмҳои хоҷагии қишлоқ, ходими калони илмии институти чорводории ҷумҳурӣ Зоҳир Камол бо кадом сабаб ҷойи кор ва зиндагиашро дар шаҳр партофта, ба кадом як хоҷагии дурдасти кўҳистон, ки фарсахҳо аз ҷойи истиқоматаш дур аст, ба ҳайси сарбайтор ба кор рафтааст, – пурсид сардори ШКД.
– Мақоли халқии «Деҳ марав деҳ мардро ахмақ кунад, ақлро бенуру беравнақ кунад», ба фикрам барои Зоҳир Камол барин шахсон гуфта шудааст. Охир зиндагии ҳар як фард худ китобест. Ҳаёту фаъолияти Зоҳир Камол низ истисно нест.
Китобро хонда баъд баҳо медиҳанд. То ҳанўз нашунидаам, ки мунаққиде бе мутоилаи китоб ба он тақриз навишта бошад. Мо ҳама нишастагон низ ба зиндагии ҳар як шахс чун мунаққид бояд баҳо диҳем. Рўзгори Зоҳир Камол низ муҳтоҷи омўзиш аст…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор