АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Яъне нақши яке аз ангуштон, ки рўзи 4 август аз ҷойи воқеа аз шишаи коняки холӣ, ки дар хонаи Зоҳир Камол ба дактилокарта бардошта шуд, ҳангоми муқоисакунӣ бо нақши яке аз ангуштоне, ки дар бойгонии ЭКО2 –и ВКД ҶТ маҳфуз буданд рост омада, ба як шахс – Одилов тааллуқ дошт. Аксари ҳозирон инро ҳамчун як хабари ҳангомаоез3 қабул карданд.
Албатта, Одиловро ҳоҷат ба муаррифӣ набуд. Ба ғайр аз лейтенанти милиса Сорбони Ҳомид, ки ҳамагӣ як сол пеш ба ШКД ноҳияи Сарчашма ба кор омада буд, дигар ҳама нишастагон кӣ ва чикора будани Одиловро нағз медонистанд.
Ў на як бору ду бор фазои ин идораро вайрон карда буд.
Бори охирон парвандаи ҷиноятиро бо аломати моддаи 154 к.2 кодекси ҷиноятӣ ҶТ аз болои ў муфаттиши ҳамин шўъба капитани милиса Исроил Гулов ба суд фиристода буд. Аз байн панҷ сол гузашт. Одилов се моҳ пеш аз ҳабс озод шуд. Гулов И.
бошад ба вазифаи сармуфаттиш гузашта унвони майори милисаро гирифт. Бо ташаббуси милиса Одилов як моҳ пеш ба зери назорати маъмурӣ гирифта шуд. Бо ёрии бевоситаи кормандони милиса ўро дар заводи оҳану бетони шаҳр ба кор гирифтанд. Ҳама умед доштанд, ки Одилов акнун зиндагиашро ташкил мекунад, вале…
Нақши дастони дар шиша монда ақидаи ҳамаро дигар кард. Аксарият дар он ақида буданд ки ҷиноятро кушоданд.
Ба фикри нишастагон танҳо Гулов зид баромад.
Сармуфаттиш гуфт, ки гарчанде Одилов панҷ маротиба барои дузди нишастааст, вале ба куштор қодир нест. Суханони Гулов нишастагонро ба баҳсу мунозира тела дод. Кӣ чи мехост қариб фаҳмида намешуд. Мўсоев бо қалами дар дасташ буда, болои мизи корӣ зад. Ҳама хомўш шуда гўшу чашм ба тарафи сардор доданд.
– Худаш чӣ гап? Ҷиноят содир кардааст ё накардааст то ҳанўз маълум нест. Пас ин шўру мағал аз баҳри чист?– пурсид Мўсоев.
- Эко – шўъбаи экспертию криминалистӣ.
- Ҳангомаомез – сенсатсионӣ.
- Моддаи 154 к.2 – дуздии моликияти шахсӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор