АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Рафиқ милитсионер,– ўро дида арзи матлаб кард зане,– ба кор рафта истода садои гиряи тифлеро шунидам. Ҳарчанд ба гирду атроф назар афкандам касеро надидам дурусттар нигоҳ кунам садо аз дохили ана ҳамин сумка, ки дар зинапояи назди мағоза гузошта шуда буд мебарояд. Рафта бинам, ана ҳамин писарбача дар дохили сумка гиря дорад.
– Бин писарам, ба гап ҳамроҳ шуд пиразане,– баъзеҳо дар нохуни фарзанд зору баъзеҳо ана ин тавр аз фарзанд безор…
Сорбони Ҳомид ба навбатдори шўъба занг зада, дар ин бора хабар дод. Вақте ки ба ҷойи ҳодиса гурўҳи фаврӣ ва муфаттиши прокуратура Носиров омаданд, ў воқеаи корро фаҳмонда, худ роҳи идораро пеш гирифт. Расидан замон фаҳмид, ки маҷлиси оперативӣ алакай сар шуда аст. Лейтенант Сорбони Ҳомид рухсат пурсида вориди идораи сардори ШКД шуд. Ба нишастагон салом дода барои дермониаш узр хост ва бо ишораи сардори ШКД подполковники милиса Мўсоев ба курсӣ нишаст.
Мўсоев мехост, ки ҳар чи тезтар Сорбони Ҳомидро гўш кунад, вале дер омадани ў сабаб шуду пурсишро аз дигарон сар кард. Мўсоев алакай медонист, ки нозири минтақавӣ капитани милиса Зокиров ва эксперт криминалист лейтенанти калони милиса Раҳмонов чи гуфтание доранд, чунки гузориши ҳарду ҳам болои мизи кории сардор меистоданд.
Сардор аз рўйи таҷрибаи кори чандинсола ба ҳар як кормандаш имконият медод, ки фикру андешаи худро бидуни коғаз озодона баён созад. Охир ҳар як гузориш барои гурўҳи тафтишотӣ на танҳо ҳамчун хабар хизмат мекард, балки гурўҳ бояд онро мавриди муҳокима қарор дода, баҳои аниқ медод.
…Раҳмонов дар хусуси изҳои дар ҷойи ҳодиса ёфтшуда сухан меронд.
Ҳангоми санҷиши шишаи коняки дар ин ҳодиса ёфтшуда, изи равшани ангушти калон ва миёнаи дасти рости чор нафар ёфт шуданд, ки дар ҳузури холисон ба дактилокарта1 гирифта шуданд. Ҳар як нақши дар шиша монда характери инди– видуалӣ дошта, яке аз онҳо аз рўйи аломатҳои индивидуалиаш ҳангоми муқоисакунӣ бо нақши дастони Одилов, лақабаш Гург ном шахс, ки се моҳ пеш аз ҳабс озод шудааст, рост омад.
1.Дактилокарта усули шинохтани шахс аз рўйи нақши ангушт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор