АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ў ҳеҷ гумон надошт, ки Зоҳир ба хобгоҳ меояд, якбора дасту по хўрд. Зоҳир, ки ҳанўз ба курсӣ нанишаста буд, дастагули дар дасташ бударо ба тарафи Наргис дароз кард.
Духтар дастагулро гирифта, раҳмат гуфт.
– Марҳамат,– гуфтани Заррина ҳардуро аз байни хаёлот берун овард. Ҷавон ба курсӣ нишаст.
Гулнора ва Шаҳло дастурхон оростанд.
Зоҳир аз рухсораҳои арғувони Наргис пай бурд, ки бо ин рафтораш ўро дар байни дугонаҳояш дар хиҷолат мондааст. Ў кори заруреро баҳона намуда хестанӣ шуд, вале духтарон намонданд. Хайрият худи Наргис ҳам гуфт, ки модоме омадӣ шин ва ҳатто зарбулмасалеро ҳам ёдрас кард:
«Омадан бо иродату рафтан бо иҷозат»…
Онҳо то посе аз шаб гузаштан дар сари дастурхон суҳбат карданд. Сипас, дастархонро ғундошта, якҷоя ўро то истгоҳ гусел карданд.
Ҳангоме, ки дар автобус менишаст суханони Зарринаро шунид, ки ба Шаҳло гуфт:
«Лулиён лаб лаби бом, хапако корро тамом».
Чун автобус ба ҳаракат даромад духтарон ба тарафи ў дастафшонӣ намуданд.
– Чӣ хел ҷавон зебо, – баробари ба ҳаракат даромадани автобус гуфт Заррина.
– Наргис ҳам бало, ҳеҷ гумон надоштам, ки…, – луқма партофт Шаҳло.
– Хушбахтии Наргис хушбахтии худи мост ва ман орзу мекунам, тўйи Наргису Зоҳирро якҷоя гузаронем, – гуфт Гулнора.
Он шаб Наргисро хоб набурд. То субҳ симои Зоҳир аз пеши назараш дур намешуд…
Ў низ мубталои ишқи Зоҳир шуда буд…
… 6 …
Субҳи 12 август Сорбони Ҳомид ба кор рафта истода одамони зиёдеро дар назди мағозаи хўрокворӣ дид. Кадоме аз онҳо ўро шинохт магар, ки ана милитсионер гуфт.
Сорбони Ҳомид ба тарафи мардуми ҷамъшуда рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор