Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Он селҳо дар куҷо буданд, ки бисту панҷ сар говро ба комашон фурў бурданд?
Чаро модагови сиҳатро бурда, ба салоҳхонаи санитарӣ супориданд? Ин чи хел ташхис аст, ки модагови 318кг–ро аз рўйи касали сирояткунанда доштанаш барои истифодабарӣ рухсат надоданд? То ба кай шуморо рафиқ Олимов дигарон роҳбарӣ мекунанд?
– Ки маро роҳбарӣ кардааст,– исбот кунед рафиқ Камолов.
– Гўё, ки худатон намедонед. Тамоми совхозро, ана ин шахс Ҳусейнов, роҳбарӣ мекунад.
– Акаи Зоҳир ман ба шумо чи бадӣ кардам? Чаро маро ин хел бад мебинед? – худро сафед карданӣ шуд мудири ферма Ҳусейнов.
– Хомўш! – гуфт Олимов, – харидани ҷавонаҳо ин супориши ман не.
– Рафиқ Камолов, чи хаёл мекунӣ, ки аз боло назорат нест?
Раиси ҳукумати ноҳия муҳтарам Ибодов худашон супориш доданд, ки бо пули нақт ҷавонаҳои хоҷагиҳои шахсиро харем…
– Эй бар падари раиси ҳукумати ноҳияат ҳам… – гўён Зоҳир Камол аз маҷлис баромада рафт. Субҳи рўзи дигар ў ба шаҳр рафт ва дигар ўро касе надидааст…

… 5 …

Бегоҳӣ рўзи 8–март Зоҳир бори аввал бо дастагуле ба хобгоҳи Наргис омад. Худи Наргис дар хобгоҳ набуд. Ў ҳар рўз баъди дарс то шом дар китобхона рўзро бегоҳ мекард. Дарро ба рўйи Зоҳир Заррина кушода, пас аз матлаби ҷавонро шунидан ўро ба хона таклиф кард.
Ин «бозёфти» Наргис барои дугонаҳои ҳамхонааш ғайричашмдошт буд. Ин Наргиси хапакро бин чи хелашро ба даст овардааст,– аз дил гузарониданд дугонаҳояш…
Чун Зоҳир вориди хонаи донишҷўён шуд, боз ду нафарро машғули мутоилаи китоб дид. Духтарон аз ҷой бархеста, ба Зоҳир салом доданд ва курсиеро оварда, ўро ба нишастан таклиф карданд. Заррина ҳардуро ба меҳмон шинос кард. Дар ин ҳолат дар кушода шуду ба хона Наргис даромад.

пешина
аз 416
навбатӣ