Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 4 …

Плани оперативию ҷустуҷўйӣ, гузориши нозирони минтақавӣ, баёноти шахсоне, ки Зоҳир Камолро мешинохтанд, расми маҳрум, мактубҳо ва дафтари қайдҳои ў рўз то рўз папкаи картониро ғафстар мекарданд. Гарчанде ягон ҳолати кор мадди назар нашуда буд, вале то ҳанўз пешравие дида намешуд.
Фикру назарияҳои зиёде пешниҳод шуданд, вале баробари аввалин ҳаракатҳои тафтишотӣ қисме аз онҳо дар муқобили ҳақиқат истода натавониста аз байн рафтанд. Қисми дигар бошад пешравиеро дар кор арзёбӣ карданӣ шуданд, вале ба таҳлили аниқ тоб наоварданд…
Рўзҳо мегузаштанд, вале аз қотил нишонае набуд. Ду рўзи охири ҳаёти маҳрумро Сорбони Ҳомид қариб аз ёд карда буд.
Рўзи аввалаш чун ҳамешагӣ соати шаш аз хоб хеста, ним соат ба варзиши бадан машғул шуд. Ҳар пагоҳӣ ў се километр роҳро медавид. Мардумони деҳ мегуфтанд, ки аз баски Зоҳир Камол дар деҳа ба ғайр аз кулбачае дигар чизе надорад, аз рўйи мақоли «аз бекорӣ кадукорӣ» амал карда ба варзиш машғул мешавад…
Сипас, риш тарошида дасту рўй шуст ва тановул карда ба кор омад. То соати даҳ дар маҷлиси назди директори совхоз буд. Дар маҷлис аслан масъалаи аз хоҷагиҳои шахсӣ бо пули накта харидани ҷавонаҳоро муҳокима карданд.
Сарбайтор зидди чунин амал баромад. Ҳеҷ кас ба мо ҳуқуқ надодааст, ки бар хилофи қонун амал кунем. Ҳар он чи ки аз хоҷагиҳои шахсӣ харида мешавад, маблағаш бояд ба воситаи кассаи амонатгузорӣ гузаронида шавад. Аз чи бошад Зоҳир Камол дар тамоми давраи дар «Заргар» кор карданаш бори аввал рўйирост ба муқобили чунин шакли пешбари кор дар хоҷагӣ баромад, яъне ба қавли баъзеҳо «қиёмате» барпо кард…
– Ҷойи мо дар ин ҷо нест?
– Дар куҷост? – пурсид директори совхоз Олимов.
Ҳамаи мо ин ҷо нишастагон бояд дар паси панҷара бошем.
То ба кай ба чунин мулоҳисакорӣ роҳ медиҳед,– рафиқ Олимов.

пешина
аз 416
навбатӣ