АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 2 …
– Духтари нағз аз куҷо омадӣ?
– Аз қабристон!
– Танҳо?
– Танҳо!
– Хез, ки шом шуд ва дар шом гиря хуб нест, охир фикри тифли дар баданат бударо ҳам кун.
– Чунин тифли сархўр ба ман даркор нест.
– Астағфуриллоҳ гўй, тавба кун духтарам, тавба, охир тифлон ҳамеша бегуноҳанд…
– Дар он ҷо чи гапҳои тоза?
– Дар куҷо?
– Дар қабристон.
Духтар ки то ҳанўз сар ба зер афканда роҳ мерафт ба тарафи мусоҳибаш нигарист. Дар рў ба рўяш ҷавони 24–25 солае меистод. Чун нигоҳҳо ба ҳам бархўрданд рухсораҳои духтар арғувонӣ шуданд. Қади чун санавбар чашмони осмонӣ ва мўйи ҳалворанги духтар дар як нигоҳ тирро дар синаи ҷавон ҷо кард.
Духтар ҳам ба нигоҳи чун харидори ҷавон тоб наоварда, аз шарму ҳаё сар ба зер афканд.
– Зоҳир, – худро муаррифӣ кард, ҷавон.
– Наргис…
… 3 …
– Наргис духтарам ашк рехтан бас аст. Хез аз ҷоят, шом шуд. Ҳар он чи рух медиҳад бо амри худои таолост. Бо ашки зиёд рехтан ғазаби парвардигорро набиёр ва рўҳи Зоҳирро ноором накун…
Наргис бо сари хам аз ҷой бархест ва аз дасти хушдоманро гирифта ба тарафи хона рафт…
Кибирё аз хонааш хўрок овард ва то посе аз шаб гузаштан ба ҳамаи онҳое, ки дар хонаи Наргис омада будан хизмат намуд. Дарди ў ҳам аз дарди Наргис кам набуд.
– Илоҳо хокро ба дастат гирӣ зар шавад,– гуфт модари Зоҳир ба тарафи Кибирё нигариста…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор