Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҳамин ҷо таҳти сарпарастии олими шинохта И. Г.
Лебедев оид ба пешгирии касалии оқсил1 дар зоти гўсфандони маҳинпашм рисолаи номзадиашро тайёр намуда, онро дар Алмаато дифоъ намуд. Сипас, ўро ба институти чорводории ҷумҳурӣ ба кор таклиф намуданд. Пас аз се соли кор бо сабабҳои то ҳанўз номаълум ба совхози «Заргар»и– и ноҳияи Сафедоб, ки аслан ба парвариши чорвои калони шохдор махсус гардонида шуда буд, ба ҳайси сарбайтор ба кор гузашт. Аз ҳамаи ҷойҳое, ки ў кор карда буд барояш характеристикаи мусбӣ доданд. Мастӣ он тараф истад ҳатто нўшиданашро касе ёд надорад. Дар масъалаи ҳамроҳи зани бегона ба хонааш омадан бошад боварии кас намеояд, – мегуфтанд ҳамсояҳо.
Ана акнун ёбу гир? Чӣ хел чунин шахс дар набудани ҳамсараш, дар набудани шахсе, ки ҳамроҳаш даҳ сол дар орзуи таваллуди фарзанд сар ба як болин мондааст ва акнун медонист, ки Наргис дар батнаш тифл дорад ва ин тифли ўст, ҳамроҳи зане тамоку мекашидааст, ҳол он ки ў тоқати бўйи тамокуро надошт, шабона ба хонааш омада як шиша коняки панҷситорадори арманиро нўшида, дар ҳолати мастӣ аз балкони ошёнаи чорум ба поён меафтидааст.
Ҳамаи ин акнун муаммое буд, ки ба дўши милиса, ба дўши онҳое, ки қонун ҳимояи шаҳрвандонро ба зимаашон гузоштааст афтода буд.Мўйро аз хамир ҷудо кардан лозим меомад…
Шом шуд…
Наргис ҳамоно дар он ҷойе, ки пояи тобутро сар дода буд, нишаста ашк мерехт. Ў шахсеро мемонд, ки баъди касалии домана маҷоли хестан надорад. Ҳақу ҳамсояҳо ҳарчанд омада насиҳат карданд нашуд. Ў сар болои зонуҳои ба оғўшгирифтааш гузошта гиря дошт. Чашмонаш коҳида буданд.
– Хез духтарам, роҳи ҳамаамон ҳамин. Акнун мо ба назди ў меравему ў дигар назди мо барнамегардад.
Наргис сар бардошта дар рў ба рўяш хушдоманашро дид.
– Ба ман дигар зиндагӣ даркор нест, мехоҳам дар паҳлўйи ў бошам.
– Ин ба гуфтан осон духтарам, ҳамаи меҳру муҳаббат дар ҳамин дунёст, он ҷо бошад гўри ҳар кас ҷудо…

  1. Оқсил – яшур.
пешина
аз 416
навбатӣ