Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ин назаряҳо баъди гирфтани хулосаи экспертизаи тиббӣ – судӣ аз эътибор сокит шуданд.
Байтори хоҷагии давлатии чорводории «Заргар»- и ноҳияи Сафедоб Зоҳир Камолро ба қатл расонида буданд. Ўро пас аз маргаш аз балкони хонааш ки дар ошёнаи чорум воқеъ буд, ба мақсади пинҳон кардани изи ҷиноят ба поён партофта буданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД ноҳияи Сарчашма лейтенанати милиса Сорбони Ҳомид шишаи холии «Коняк»– и панҷситорадори арманӣ ва чанд дона тамокуи нимсўхтаи навъи «Кайҳон»–ро ёфт, ки дар яке аз онҳо изи лабсурхкунак дида мешуд. Изи лабсурхкунак, ки дар тамоку монда буд аз иштироки зан дар ҷойи ҳодиса гувоҳӣ медод ва чи хел ки дар урфият мегўянд ин маънои онро дошт, ки занро ҷўед.
– Албатта, ҷиноят бе иштироки зан нагузаштааст ва ҷустуҷўю ёфтани он дар маддии аввал меистад,– ба тарафи Сорбони Ҳомид нигаритса гуфт сармуфаттиш Исроил Гулов.
– Меёбем, – гуфт Сорбони Ҳомид.
Шояд варақаи боздидашро низ гузошта рафта бошад,– луқма партофт муфаттиши прокуратура Носиров.
Носиров ба оптимизми (зиндадилӣ, некбинӣ) Сорбони Ҳомид ҳеҷ одат накард ки накард. Рафту ин изҳоро чандрўз пеш аз содиршавӣ ҷиноят монда рафтанд. Рафту ҳамсари марҳум ки як ҳафта пеш ба курорт рафта буд, коняк нўшида, тамоку кашида рафтааст. Охир Зоҳир Камол ду ҳафта боз дар хоҷагии «Заргар» аз қафои пода ва ду рўз пеш, яъне шаби пеш аз маргаш ба хонааш баргаштааст ва дар он нисфи шаб зани бегонаро аз куҷо меовард, фикрашро собит карданӣ шуда гуфт Носиров.
Воқеаи рухдода ҳеҷ ба мантиқ рост намеомад. Зоҳир Камол ҳеҷ гоҳ дар фикри ёфтани луқмаи осон набуд. Ў ки аз хурдӣ аз падар ятим монда буд, чи будани дасти шахшудаи зиндагиро нағз мефаҳмид. Пас аз хатми мактаби миёна як сол дар заводи семент кор кард. Хизмати ҳарбиро дар Шарқи дур адо карда, сипас ба бахши байтории Институти хоҷагии қишлоқи Точикистон дохил шуда, пас аз анҷоми он мудати панҷ сол дар совхози зотпарварии «Сағирдашт» ба ҳайси сарбайтор кор кард.

пешина
аз 416
навбатӣ