АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳамин хел, модарҷон, сад дареғ, ки Зоҳир писарашро надид, – бо овози канда –канда гуфт Наргис ва зуд аз ҷой бархеста, аз пояи тобути шавҳар гирифт.
– Дасти нопокатро гир, – даҳ сол назоидию акнун имрўз исбот кардании ки барои Зоҳир ворисе меоварӣ, ё бо ин роҳ худро аз адолати судӣ халос карданӣ ҳастӣ?
Наргис ҳарчанд «нотиқро» надид, вале аз овозаш ўро шинохт. Ин «булбули хушхон» Махсум, ҳамкори Зоҳир буд.
Агар дигарон ин гапро мегуфтанд ин қадар аламовар набуд, вале Махсум, ки борҳо нону намаки Зоҳирро хўрда, ўро ба безурётӣ назди ҳамсараш муттаҳам сохтани шуда, аз Наргис ҳамхобагӣ талаб карда, дар ҷавоб суханони қабеҳтаринро шунидааст, имрўз ба покдомании ў шубҳа дорад. Худоё…
– Ҳой Махсум, ин ҷо мо барои гунаҳкор кардани касе наомадаем, мақсад аз омадани ҳамаи мо ин видоъ бо марҳум ва ба роҳи охират гуселонидани ўст. Худо хонаи охираташро обод созад. Омин. Даст ба дуо бардошт домуллои маҳала.
– Ўро ҳамин қанчиқ заҳр дода кушт,– паст наомада гуфт Махсум.
– Заҳр додан ё надоданаш то ҳанўз маълум не, чунки то ҳанўз сабаби маргаш муайян карда нашудааст, экспертизаи тиббӣ–судӣ то ҳоло хулосаашро надодааст, инчунин барои исботи ин кор идораҳои салоҳятдор ҳастанд ва агар келин гуноҳе дошта бошад, назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт, ба баҳси беасос саршуда нуқта гузоред,– гуфт мўйсафеди Нуриддин.
Наргис баробари мардон ҷисми беҷони шавҳарро ки болои тобут дар зери «Гаҳвораи ноз» мехобид ба дўш гирифта, ҳафт қадам гузошта онро сар дод. Акнун ҳамагон огоҳ шуданд, ки Зоҳир номбардор ва ворисе дорад.
Наргис паҳлўи роҳ нишаста, бо чашмони ашколуду аз гиря варам кардааш аз қафои анбўҳи одамон, ки тобут сарсари даст ба тарафи хонаи охират шитоб доштанд нигарист.
Воқеаи рўйдода ба мардум ҳамчун ҳодисаи нохуш зуд маълум гашт. Яъне Зоҳир Камол дар ҳолати сахти мастӣ аз балкони ошёнаи чорум ба поён афтидааст.Инро метавонистанд худкушӣ номид ва барои ба чунин амал даст задани Зоҳир Камол асосҳои кофӣ мавҷуд буд, охир надоштани ворис, ки давомдиҳандаи номи мард аст ва ба замми ин ба курорт танҳо рафтани ҳамсар дили касро аз зиндагӣ, аз одаму олам хунук месозад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор