АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

МАКТУБИ
БЕИМЗО
ҚИССА
Тобут болои дасти анбўҳи одамон чун киштии паррон ҷисми беҷони Зоҳирро ба манзили охират мебурд…
Наргис, ки ҳамагӣ ним соат пеш аз бардоштани тобут ба хона омада буд, ба ҷойи тассалӣ ва ҳамдардӣ ба нигоҳи нафратбори баъзе аз мардумони ба маросими видоъ омада гирифтор шуд…
– Дунёро баста мешаваду даҳони бадгўёнро, – не мегуфт Зоҳир. Имрўз Наргис худ шоҳиди ин воқеа шуд: пиҷингу таънаи баъзеҳо дили бе ин ҳам саршори дарду алами вайро шикофт, вале ў дандон ба дандон монда, аз байни мардуми зиёде, ки дар саҳни ҳавлӣ ҷамъ омада буданд гузашта, вориди хона шуд. Ўро дидан замон оҳу фиғони занҳои дар хона буда, ки дар гирди ҷасади беҷони Зоҳир нишаста ашк мерехтанд дучанд шуд. Ҳама ўро ба марги шавҳар гунаҳкор медонистанд ва борони таънаю маломатро ба сараш рехтанд.
Аз чӣ бошад, ки Наргис дар байни занҳо хушдоманашро надид.
– Роҳ дидед, роҳ дидед,– гуфтани касе Наргисро ба худ овард ва ба тарафи остона нигариста хушдоманаш кампири Сайронро дид, ки ду нафар духтаракони ҳамсоя аз оринҷаш дошта ба хона дароварданд.
– Келин омад? Келин омад? – баробари ба хона ворид шудан пурсид кампири Сайрон.
– Ҳа, ман ҳамин ҷо, модарҷон, – гўён Наргис аз ҷой бархост ва бо оҳу фиғон худро ба пеши қадамҳои хушдоман партофт…
– Хез духтарам, – гўён кампир бе ин ҳам қомати хам гаштаашро дуқат намуда, аз дасти Наргис гирифт ва ўро бардошта ба оғўш кашид. Нолаи кампири Сайрону келинаш ба фалак печид ва аз нав алами ҳамаро тоза кард…
Ҷисми беҷони Зоҳирро болои тобут гузоштанд ва бо амри модар ба ў гаҳвораи ноз бастанд. Домуллои маҳал мўйсафеди Нуриддин дуо хонда, ба бардоштани тобут рухсат дод.
Тобутро бардоштанд. Наргис ҳамоно лолу карахт меистод.
– Духтарам, Зоҳир гуфта буд, ки ба наздикӣ писардор мешавам ва агар чунин аст онро пинҳон доштан нашояд,– ба келин нигариста гуфт хушдоман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор