Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Эй бар падари ҳардуяш ҳам лаънат сухани Абдумаҷидовро бурида гуфт Хайров.
Тўфон Хайров акнун боварӣ ҳосил кард, ки тафтишот нисбат ба кирдори содиркардаи ў аз будаш бештар маълумот дорад ва дигар ҳама гуна инкоркунии хешро беҳуда шумурд…
«Ба ҳар ҳол он чи, ки аз дастам омад, то ин лаҳза ҳам Камол ва ҳам он падарлаънати Одиловро, ки ман хатто карда «Қум» – и худ шумурдам ҳимоя кардам. Бигузор акнун аз худашон гила намоянд. Оне, ки ба решаи дўстӣ теша мезанад, мореро, мемонад, ки ба ивази некӣ бадӣ намуда… Вале кўр як бор асояшро гум мекунад»… аз дил гузаронд Хайров.
– Бисёр ба андеша дода шудед,– гуфтани Раҷабов ўро аз байни андешаҳо берун овард.
– Ҳа, каме рўзҳои гузаштаро пеши назар овардам.
– Хайр ба кадом хулоса омадед?
– Ба некӣ бадӣ гуфтани мардум беҳуда набудааст.
– Инро бояд барвақтар дарк мекардед, – гуфт Абдумаҷидов.
– Ба фикрам ҳоло ҳам дер нашудагист?
– Тавба дар ҳама ҳолат агар аз таҳти дил бошад пазируфта мешавад,– гуфт Абдумаҷидов.
Суханони Абдумаҷидов ба Хайров хуш омад магар, ки ў ба тавбаи хеш оғоз кард ва дигар ҳеҷ шаку шубҳае ба дурустии суханони ў намонд.
Ў бо тавбаи хеш нишондоди Одилову Собиров ва Мадалиевро пурра кард. Дар ҳақиқат ман дар бораи калидҳо аз худи Камол шунидам ва барои амали шудани нияти хеш ба ў супориш додам, ки набераи Мадалиевро ба дом кашад ва ҳарчанд Дилором ишқи Камолро ҳақиқӣ пиндошт ва ҳамон шаб аз рўйи нақшаи кашидаи мо касал шуда, бобояшро ба хона даъват кард ва ман бемалол ба касса рафта, пули дар он ҷо бударо гирифтам. Албатта, дар бораи чӣ хел амали намудани ин кор ман пешаки аз Одилов дастур гирифтам ва он ду ҳазору шашсад сўм на қарз, балки ширинкома буд. Камол гуфт, ки Дилором аз ин кор бохабар аст ва ман барои ҳардуяшон ба дасти Камол панҷ ҳазор сўм додам. Ба фикрам як каси танҳо гўрро ҳам ҳаром мекунад, вале дар сарҷамъӣ дар он ҷо ҳам кас озурда намешавад, хандида гуфт ў.

пешина
аз 416
навбатӣ