АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Мехостам дар ин амалиёт нақши Одиловро фаҳмем,– гуфт муфаттиш.
– Одилов аслан гурги борондида аст ва муҳандиси ҳамаи ин амлиёт худи ўст. Вақте ки Камол дар бораи калидҳои кассаи заводи хишт ба ман нақл кард, барои маслиҳат ман ба назди ў шитофтам. Дар урфият мегўянд, ки пеши доно нараву пеши корафтода рав. Ў нақли маро бо диққат гўш карда, ба андеша фурў рафт. Дар ин ҷода ў марди рўзгордидае буд ва маҳз ҳамин таҷрибаро дар тарозўи ақл бори дигар баркашида, сар бардошта гуфт: – Дуздӣ ин таваккал аст ва ба таваккал танҳо мардони ҳақиқӣ мераванд. Вале на ҳар дузд калиди говсандуқро дорад. Албатта, ҳар як амалиёт хавфие дорад, вале дар дуздидани кассаи заводи хишт ман хавфиеро ҳам намебинам.
– Чӣ хел?
– Қаровули завод Ҳотам Мадалиев, набераи зебое дорад ва агар дили ҳамон духтарро ба даст орӣ, нисфи амалиётро гўё буд кардӣ. Дар ҳақиқат пешниҳоди Одилов боиси дастгирӣ буд.
Вале мо дар ҷамъияте зиндагӣ дорем, ки принсипи ягонаи ҷамъият «Аз ҳар кас мувофиқи қобилияташ ба ҳар кас мувофиқи меҳнаташ» аст. Ва дар ин ҷода аз ман дида Камол таҷрибаи бештаре дошт. Ман дар ҳамон ҷо фикри худро дар ин бора ба «Кум» гуфтам. Ў розӣ шуд, вале таъкид кард, ки ин суханонро ба Камол аз номи худам гап занам. Ана, ҳамин хел Одилов дар соя монд…
Баъдтар Хайров ҳангоми рўбарукунӣ нишондоди хешро дар ҳузури Одилов ва Собиров такрор кард.
Ҳангоми кофтуков Хайров бе ягон дудилагӣ боқимондаи пулҳои пинҳон кардаашро бароварда дод, ки чор ҳазору чорсаду панҷоҳ сўмро ташкил доданд. Ба ғайр аз ба гуноҳи хеш иқрор шудани Хайров аз экспертизаи дактилоскопӣ ва трасологӣ хабар доданд, ки дар касса нақши ангуштон ва дар карери заводи хишт нақши пойи Хайров монда аст.
Ба ғайр аз Хайров, Собиров ва Одилов барои хунукназарӣ дар вақти хизмат ва аз болои қаровули заводи хишт Ҳотам Мадалиев низ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд.
Рафти тафтишот тақдири Дилоромро бояд ҳал мекард…
Замоне дар кишвари аз мо дур Арманистон аз беэҳтиётии духтари шоҳ Тамара ҷавони дўстдоштааш ба қатл расид ва Тамара ҳам дар фироқи ҷавони дўстдоштааш худкушӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор