АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ба ҷиноят чанд вақт пеш тайёрӣ дидед?
– Чӣ хел тайёрӣ? Ҳамон рўз аз овардани маош бохабар шуда шаб ба касса ташриф овардам.
– Дари говсандуқро бе тайёри чӣ хел кушодед?
– Ман як даста калидҳо доштам ва яке аз онҳо ба қулфи дар ва дигараш ба қулфи говсандуқ рост омад.
– Дар касса чанд сўм буд?
Гуфтам, ки ҳафт ҳазору ҳафсад сўм.
– Ҳоло пулҳо дар куҷоянд?
– Ман нисфи пулро сарф кардам, нисфи дигираш дар хона.
– Гўед, ки Дилором кист?
– Намедонам.
– Мадалиевро чӣ?
– Бобои Ҳотам дар завод кор мекунанд, вале мо он қадар шиноси наздик нестем.
– Одиловро чӣ?
– Бори аввал мешунавам.
– Камолро чӣ?
– Кадом Камол?
– Писари Фаришта Маҳмадоваро.
– Ўро мешиносам, чӣ магар бо ў ягон ҳодиса рух дод?
– Ў ҳам мисли худат дар ҳамин ҷо.
– Камол дар ин ҷо чӣ кор мекунад?
– Он даҳ ҳазор сўми додаи худатро овардаст.
– Ман ба ҳеҷ кас пул надодам.
– Инро беҳтар мешуд, ки ба худаш мегуфтед.
– Не, ман ўро дидан намехоҳам.
– Охир мо он даҳ ҳазор сўмро муаллақ монда наметавонем.
– Агар роҳи дигар набошад метавонед он даҳ ҳазорро ҳам ба гардани ман бор кунед, аз рўйи эҳтироми хоса ба шумо ман тайёрам, ки инашро ҳам ба гардан гирам.
– Аз ин илтифоти шумо Тўфон Хайрович мо хело миннат пазирем, вале боз як марди дигар низ ду ҳазору шашсад сўм қарзи додаатонро овардаст, бифармоед, бо инаш чӣ кунем?– талх карда гуфт Абдумаҷидов.
– ….
– Ана ҳамин хел Одилов ва Собиров ба ҷойи некӣ…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор