Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гўед, ки тамоку мекашед?
– Албатта.
– Дар ҷойи ҳодиса магар тамоку кашидед?
– Ҳа.
– Кадом навъи тамокуро?
– «Ахтамар».
– Онро аз куҷо ёфтед?
– Аз ҳамсояамон гирифтам.
– Ҳамсояатон аз куҷо гирифтааст?
– Ў колексионер аст ва ёру дўстонаш аз ҳар гўшаю канори мамлакат барояш навҳои гуногуни тамоку мефиристанд.
– Пас ў чӣ хел коллексионер аст, ки ин чизи нодирро ба шумо дод?
– Ман боре аз ў дар бораи саргузашти ду дилдода, ки оқибаташ хеле фоҷиавист нақле шунидам ва аз ў хоҳиш кардам, ки ба ман ҳам як қуттӣ тамоку, ки ба номи он дилдодагон гузашта шудааст ба ёдгор диҳад. Аз баски ҳамсоя чанд қуттӣ чунин тамоку дошт як қуттиашро ба ман дод.
– Фамиля ва ному насабаш?
– Аз кӣ?
– Аз ҳамсояатон.
– Муҳаммадӣ Нидоев.
– Кай он қуттии тамокуро ба шумо дод?
– Ҳамон рўзе, ки ман бегоҳаш ба дуздии кассаи завод рафтам.
– Медонед, ки дар заводи хишт кассир кист?
– Не.
– Дар ҳамсоягии завод зиндагӣ карда кассирро намедонед?
– Ному насабашро намедонам, вале мегўянд, ки кадом зани арманиест.
– Пеш аз ташрифи шабона кай дар завод будед?
– Ҳамон рўзе, ки когарон маош мегирифтанд.
Дарро кушода ба утоқи кори даромадани Раҷабов суоли навбатии Абдумаҷидов дар даҳонаш монд.
– Корҳо чӣ хел?– пурсид муфаттиш.
– Бад не.
– Майлаш суҳбатро давом диҳед, – гуён Раҷабов дар рў ба рўйи Хайров нишаст.

пешина
аз 416
навбатӣ