Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аслан ў аз падар бармаҳал ятим монда буд. Модар ба ҳамаи кушиши хеш нигоҳ накарда, тарбияи се фарзандро (ду апааш аллакай ба шавҳар баромада буданд) ба таври бояду шояд ба роҳ монда натавонист.
Тўфон ҳамсинфонашро дида ҳавасаш меомад ва бар камбағалии хеш нафрат мехонд. Маҳз ҳамин чиз ба таҳсили ў таъсири манфӣ расонд, дарсгурез шуд ва бо азобе синфи ҳаштро хатм кард. Меҳнати тоқатфарсои модарро дар заводи хишт дида дилаш аз одаму олам ҳам монд…
Ба меҳнати тоқатфарсои модар нигоҳ накарда, онҳо базўр рўзи хешро мегузаронданд. Вале падару модари ҳамсинфаш Ҳалим даст ба оби хунук назада, шоҳона зиндагӣ мекарданд.
Ҳарчанд ў хурд буд, вале ақлаш ба чунин корҳо мегирифт. Дар бораи падари Ҳалим овозаҳо ҳар хела буданд…
Аз рўйи баъзе овозаҳо Бурихон (падари Ҳалим) боре дар дуздии калоне иштирок кардааст ва чун ба даст афтидааст, тамоми гуноҳро ба зимаи худ гирифта, бо ҳамин «дўстонашро»
аз маҳбасшавӣ харид. Бо ин амали хеш Бурихон на ин, ки рафиқонаш, балки худро низ раҳо дод. Суд Бурихонро ҳамчун ҷинояткори танҳо ба муддати ҳашт сол аз озодӣ маҳрум кард.
Бурихон баъди шаш сол ба озодӣ баромад ва барои мардиаш, ки дар лаҳзаи мушкил дўстонашро нафурўхт дўстон ҳамаи зиндагии Бурихонро ба души хеш гирифтаанд… Тўфон ғоибона нисбат ба падари Ҳалим эҳтироми хоса пайдо кард…
Ҳарчанд ў дар мактаб нағз намехонд, вале воқеаҳои таърихӣ то имрўз ба ёдаш монда аст. Махсус, қиссаи чӣ тавр корнамоии Александр Матросовро такрор кардани Тўйчӣ Эрҷигитов барояш корнамоии беназир буд. Ў дар ин лаҳзаи душвор корнамоии Бурихонро такрор кард. Ҳамаи ҷинояти содиршударо дар заводи хишт ба души хеш гирифта, ҳатто номи Камолро ба ёд наовард…
Ба саволи Абдумаҷидов дар бораи кадом маблағи пулро аз кассаи завод дуздидааст посух дод, ки ҳафт ҳазору ҳафсад сўм.
Маълум буд, ки у на танҳо Камол Собиров, балки Усмон Одиловро ҳам пинҳон карданист. Бо чунин амали хеш ў падари ҳамсинфаш Ҳалимро ба як нул зад…

пешина
аз 416
навбатӣ