Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Гуфтани нестам, вале ба экспертиза фиристодани онҳо аз манфиат холӣ нест.
– Дар ин бора навбатдорро хабар кардан лозим, то ўро ба камераи алоҳида ҷо кунад.
– Номашро гиру гўшашро каш гуфтагӣ барин дарро кушода ба утоқи кории муфаттиш худи навбатдор Ёрмаҳмад Бутаков даромад.
– Ҳангоми гузаронидани кофтукови шахсӣ аз ҷайби Хайров пачкаи пули даҳсўмаи рахаш ношикаста баромад,– гуфт навбатдор.
– Ин вазъи корро дигар мекунад,– гуфт Раҷабов ва амр кард, ки пас аз анҷоми кофтукови шахсӣ Хайровро ба утоқи кории Абдумаҷидов баранд.
Баъди рафтани навбатдор Раҷабов гуфт:
– Ман барои кофтуков ба хонаи Собиров меравам. Шумо бошед, то омадани ман Хайровро як бори дигар афшонед…

… 61 …

Фаришта дар иҳотаи милисионерон писарашро дида, ояндаи ҳосили боғашро пеши назар оварда, сар ба зер афканд.
Камол ҳам нигоҳашро аз нигоҳи модар гурезонда, бо дастони ҳалқадор ба остона қадам ниҳод. Кофтуков аслан дер давом накард, чунки дар куҷо пинҳон кардани пулҳоро худи Камол нишон дод, ки ҳангоми шумурдан нуҳ ҳазору ҳафсад сўмро ташкил доданд. Гуфт, ки аз миқдори пули аз Хайров гирифтааш сесад сўмашро истифода бурдааст. Ду ҳамсоя, ки ба сифати шахси холис ба хонаи Маҳмадова таклиф шуда буданд, баъди ба протокол ҳамроҳ кардани далелҳои шайъӣ онҳо ба протокол имзо гузошта, ба тарафи соҳибхона нигариста гуфтанд: Ана натиҷаи тарбият.
Вақташ мешуд Фаришта ҳарду ҳамсояро ба ҷояшон мешинонд, вале имрўз ў ҳато маҷоли сухан гуфтан надошт…
Тўфон Хайров дар интиҳо ба хулосае омад, ки «муқобилият» танҳо бар зарари ўст ва ҳодисаи рух додаро пеши назар овард. Ў суханони лейтенанти милиса Абдумаҷидовро бори дигар дар тарозўи ақл баркашид ва варақҳои тозаро ба наздаш кашида, ба ифшои саргузашти хеш пардохт…

пешина
аз 416
навбатӣ