Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, намедонам.
– Набошад асабатон хароб шудааст, охир дар чунин сину сол фаромўшхотирӣ хуб нест.
– Рушантар карда гап занед.
– Аз ин бино шумо рост ба маҳбас хоҳед рафт.
– Барои кадом гуноҳам?
– Барои дуздии кассаи заводи хишт.
– Инро аввал исбот кардан лозим.
– Исбот мекунем,– гўён Абдумаҷидов аз ҷой бархоста, ба утоқи кориаш рафт ва лаҳзае пас бо асбобу коғазҳои махсус баргашта, нақши ангуштони Хайровро ба коғази махсус гирифта, дар асоси қарори муфаттиш онро ҳамоно ба воситаи котибот ба экспертиза фиристода, худ боз ба утоқи кории Раҷабов баргашт.
Психологияи одам чун механизми мураккаб аст, ки аз ҳаракати номуътадили қисме ҳамаи система аз кор баромаданаш мумкин. Имрўз низ баъди гирифтани нақши ангуштон аз он ҷавони ёвагў нишонае намонд.
Акнун ў бо сари хам ба ҳар як саволи муфаттиш эҳтиёткорона ҷавоб медод. Ў ҳато кушиш мекард ва ин рафтораш баръало маълум буд, ки нохост сухани зиёдатие нагўяд.
Тафтишот ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки шахсе, ки аз доираи қонун баромадааст ба гуноҳаш софдилона иқрор шавад, то ки ҳангоми эълон кардани айб онро ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба инобат гиранд. Ҳарчанд Раҷабов ва Абдумаҷидов кушиданд Хайров инро фаҳмидан нахост ва ҳар як суханашро санҷида мегуфт. Хайров баъди гирифтани нақши ангуштонаш аз асп фаромада бошад ҳам, пой аз риқоб намеканд. Раҷабов протоколи нигоҳ доштани Хайровро имзо гузошта, ўро ба дасти навбатдор супорид.
Пас аз бурдани Хайров Абдумаҷидов гуфт:
– Сафар Раҷабович оё шумо пойафзоли Хайровро дидед?
– Не, аҳамият надодам, чӣ буд?
– Ў дар пояш туфлии «Саламандра» дошт.
– Оё гуфтаниед, ки бо ҳамин туфлиҳо дар карери заводи хишт сайр кардааст?

пешина
аз 416
навбатӣ