АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Имрўз, ки боз ҷуръат пайдо намуда, ба назди ман омадед, ба дурустии ақидаи шумо бовари ҳосил кардам ва чӣ хеле, ки дидаед имзои хешро бе ягон дудилагӣ гузоштам ва ҳамеша кушиш кунед, ки сазовори бовари ҳамагон бошед.
Ба милиса омада ба Абдумаҷидов хабар дод, ки прокурори нав дар юриспруденсия роҳу равиши хешро дорад ва ҳеҷ гоҳ қонунро ҳамчун сипар дар муҳофизати девори Чин истифода нахоҳад бурд.
… 60 …
Ба замми ин, ки Раҷабов ва Абдумаҷидов тамоми шаб мижа таҳ накарда буданд, пурсиши Хайровро ба таъхир наандохтанд. Тўфон Хайров бар акси Камол орому ботамкин буд. Ва ба милиса овардани хешро иштибоҳи кормандони милиса арзёбӣ кард. Ў чун фаҳмид, ки дар рў ба рўяш муфаттиш истодааст гуфт:
– Рафиқ муфаттиш ба ин шербачаҳоятон (ў тарафи милисионероне, ки ҳанўз пеши дар рост меистоданд ишора карда) фаҳмонед ҳангоме, ки шумо овардани салларо амр медиҳед калларо наоранд.
– Ба фикратон инҳо дар овардани шумо иштибоҳ содир карданд?
– Ҳамин хел аст, вале ман инҳоро мебахшам, акнун маро ҷавоб диҳед, ки аз пайи кори хеш шавам.
– Шумо кор ҳам мекунед? – боз пурсид муфаттиш.
– То рўзе, ки дам ҳаст, ғам ҳаст ака, барои пеш бурдани зиндагӣ албатта ҷунбуҷўл кардан лозим.
– Мегўянд, ки бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ… Ба суханронии Хайров гўш дода Абдумаҷидов, ки то ҳанўз ором менишаст гуфт:
– Худро ба даст гиред, рафиқ Хайров. Ин ҷо сирк нест, ки шумо масхарабозӣ кунед. Ба фикрам шумо ба ин даргоҳ як рўзаю дурўза наомадаед ва аз ин ҷо рост ба он ҷойе хоҳед рафт, ки мардони ҳақиқиро бубинед.
– Шумо чиро дар назар доред?
– Гўё, ки намедонед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор