Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Абдумаҷидов рухсат пурсида, барои алоқа ба назди мухобира, ки дар қисми навбатдори меистод рафт…

… 58 …

Баробари аз хоб хестан Тўфонро лозим омад, ки ба суоли модар ҷавоб гўянд. Аслан бо ду даҳон гап ў модарро низ фиреб кард. Гуфт, ки ин пулро як шиносаш, ки ба меҳмонхона рафт то субҳ ба дасти ў ба амонат гузоштааст. Ана, ҳамин хел оҷаҷон, акнун бояд он амонатро ман бе ягон хиёнат ба дасти соҳибаш расонам. Ва модар бовар кард. Ў ҳатто оҳи сабуке кашид, мисли оне, ки бори гаронеро аз душ партофта бошад. Модар писарро то беруни ҳавлӣ гусел кард.
Хизмати назорати берунӣ ҳамроҳи ў ба автобуси рақами 9
– ум нишаста. ҳангоми дар истгоҳи бозори «Баракат» фаромаданаш ба дастонаш ҳалқа андохта, ба милиса оварданд…

… 59…

Баробари ба прокуратура омадан Сафар Раҷабов ба хулосае омад, ки ақидааш нисбат ба прокурори нав (Тураев ҳамагӣ ду ҳафта пеш прокурори ноҳияи Гулистон таъин шуда буд) нодуруст будааст ва баъдтар ба ақлу хиради Тоҷиддин Тураев қоил шуд.
Прокурор ўро дар ин субҳи содиқ дида, ба хулосае омад, ки азми ў барои кофтукови манзили шахсони дар ҷиноят гумон баршуда қатъист ва бе ягон дудилагӣ ин дафъа ба гўшаи ҳарду қарор имзо гузошт. Ба назари муфаттиш чунин намуд, ки аз он прокурори дирўза ҳатто нишоне намонда аст. Раҷабов аз он ҳайрон буд, ки Тураев ҳатто ягон коғази пешниҳод кардаи ўро нахонда ба кофтуков розигӣ дод
–Чаро ў дишаб ин корро накард? – аз дил гузаронд муфаттиш.
Прокурор гўё шакли фикррони ўро хонда бошад, ки гуфт:
– Ман дирўз барои он розигии хешро надодам, ки фаҳмидан мехостам то кадом андоза азми шумо қатъист ва аз эҳтимол дур нест, чунки ба ин боварии комил дорам, ки тамоми шаб шумо барои ба даст овардани далелҳои нав, барои собит кардани фикри хеш кушиш ба харҷ додаед.

пешина
аз 416
навбатӣ