АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 57 …
Баробари дамидани субҳ чун Камол Собиров ба иншои сарнавишти хеш нуқта гузошт Бо амри муфаттиш Раҷабов ўро ба ИВС17 фиристодаанд.
Раҷабов дар асоси нишондоди Собиров қарорро оиди гузаронидани кофтуков дар манзили Собиров ва Хайров тахт намуда гуфт. Ба фикрам ин дафъа аз « Девори Хитой» бе малол мегузарем.
– Албата Тураев баъди ин ҳеҷ гоҳ сухани шуморо дар замин намемонад.
– Эй Акбар Ҳакимович то ҳанўз ин прокурорҳоро намедонед матарсам, ки боз ягон ҷузъиёти аз ин майдатарро баҳона насозад.
– Дар ин ҷо ҳеҷ ҷузъиёти майдатаре барои баҳона нест.
Аз нигоҳи прокурор чи?
– Хоҳ аз нигоҳи Рентгент бошад.
– Майлаш ин тарафи масъаларо ман ба зимаи хеш мегирем вале бо Хайров чӣ кунем?
– Ба фикрам ўро ҳам чун Собиров ногаҳон дастгир карда овардан лозим ва агар шумо зид набошед, ман ба воситаи мухобира ба хизмати назорати беруни, ки аз қафои Хайров назорат бурда истодаанд супориш иловагӣ диҳам.
– Шуморо ку намедонам вале ман дар ин бора бояд бо Хайруллоев гуфтугу кунам.
– Ба фикри шумо рози шуда наметавонам Сафар Раҷабович.
– Чаро?
Нахоҳам рафтан дар сояи шахси дигар ҳаргиз,
К– и умре меравам охир надида сояи худро.
– Ба ҷуз ба фикри шумо рози шудан манро чорае намонда ва акнун бигуед, ки ин шоҳбайт аз кист?
– Росташро гўям намедонам ва метарсам, ки моли як касро ба дигар кас ташбеҳ диҳам.
– Ба фикри шумо розиам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор