АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Ва дар ин шаби пурасрор хоб чашми нафари дигареро низ тарк карда буд. Фаришта имшаб бори чандум аст, ки ба умеди дидори фарзанд берун баромад ва аз рўйи шумурди Нуралӣ Алиев, ки то ҳанўз аз дидбонгоҳ саҳни ҳавлии Маҳмадоваро назорат мекард модар беш аз сӣ маротиба ба остонаи хона баромад.
Ҳангоми ба дидбонгҳои назоратӣ рафтани старшинаи милиса Алиев ва ёвари ў сержанти милиса Махсумов командири взвод модари Собировро ҳамчун зани бо кибру ғурур арзёбӣ намуд. Ва роҳпоии беохири ин занро дида сухане дар ситоиши модарро старшинаи милиса Алиев ба ёд овард.
«Ғурур яке аз гуноҳҳои ҳафтгонаи қабили марг аст, аммо ғурури модарӣ чунин нест, зеро ин ғурур таркиб аст аз ду фазилати олӣ: Имон ва умед!»
Ва то субҳ дили модарро гургон талла карданд…
… 56 …
Баробари ба хона даромадан Тўфон Хайров худро болои кат партофт ва ҳамоно хобаш бурд. Модар омадани «дўстӣ»
писарро хеле нигарон шуд ва дар интиҳо умедашро канд.
Ў рафтори ҳафтаҳои охири писарро пеши назар оварда, дилаш таҳ кашид. Аз чӣ бошад, ки нуг-нуги по хонаи писар даромада, либосҳои бесару нуг партофтаи ўро ба тартиб даровардани шуд. Ногоҳ аз киссаи писар як бастаи даҳсўмаи рахаш ношикаста ба пеши пояш афтид…
Хост Тўфонро бедор карда, аз куҷо пайдо шудани чунин маблағи калонро пурсон шавад, вале ҳамоно аз райъаш гашт, чунки Тўфон чунон маст ба хона омада буд, ки ҳама гуна пурсиш бе натиҷа мемонд. Модар пачкаи афтидаи пулро ба киссаи писар гузошта дамидани субҳро интизор шуд. Ў, ки дар ҳамсоягии заводи хишт зиндагӣ дошту аз дуздии кассаи завод бохабар буд, аз вазъияти ба амал омада тамоман дасту по хурд вале дар ин шаби тор, ҳам ба гирдоби андешаҳои хеш ғутта зад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор