Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳз ҳамин риштае, ки муҳаббати ин ду ҷавонро ба ҳам нияти пайвастан дошт аввалин падидаҳоро дар тафтишот ҳамчун нур дар зулмот рўйи саҳна баровард. Ба таҷрибаи кофии надоштан ва ҷавонии хеш нигоҳ накарда аввалин шуда лейтенанти милиса Абдумаҷидов мавҷудияти ин «нур» – ро дарк кард…
Камол, ки тайи чандрўзи охир Хайровро надида буд, гумон дошт, ки ўро ҷўрааш фурўхтааст. Аз ин рў ў низ то тавонист Тўфонро сиёҳ кард, вале қарибиҳои субҳ ў ба асли воқеа бохабар шуда дуд аз димоғаш баромад…

Бим чун банд аст андар пойи мо,
Варна сад сел аст дар дарёи мо.

гуфта буд боре Тўфон ва ин субҳ аз бими ҷони хеш ў ҳам худ ва ҳам Тўфонро ба маҷрои ин сел тела дод…

… 55 …

Мор газида аз банди алло метарсад гуфтагӣ барин Шафоатова ҳам баробари аз бинои милиса баромадан рост ба хонаашон омад. Ў акнун ба хулосае омада буд, ки ҳар қадамаш дар зери назорат аст, ҳарчанд дар асл ин хел набуд ва агар ў барои огоҳ намудани Камол ба манзилаш ташриф намеовард, касе ҳам ўро назорат намекард. Дар тамоми роҳи то манзили хеш расидан Дилором ба атрофиён, ки дар симои ҳар яке назоратчии хешро медид эҳтиёткорона менигарист, вале ҳеҷ дўстро аз душман ҷудо карда натавонист…
«Виҷдон ин довари вуҷуди мост. Он дар бораи рафтори мо, ки боиси муҳаббат ва ё нафрати наздикон мешавад, бехато ҳукм мебарорад».16 Ва имрўз Дилором ба хона баргашта тамоми роҳ аз нигоҳи атрофиён ҷўёи ин савол буд ва рафтору кирдори хешро дар тарозуи ақл баркашида, ба хулосае омад, ки ҳама ба суяш бо чашми нафрат менигаранд…
Воқеаҳои имрўза Дилоромро ҳам бе тафовут нагузошт ва ў низ тамоми шаб мижа таҳ накарда, дар бораи тақдири ояндааш фикр кард.

пешина
аз 416
навбатӣ