Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маҳмадова баъди семоҳи гум шудани калидҳо бо хоҳиши худаш аз кор рафт ва ба ҷойи ў Татяна Ремезовна Акопиян кассаро қабул кард...
Баъди аз вазифа рафтани модар ў боре дар бораи калидҳои касса ва говсандуқ ба дўсташ Хайров нақл кард...
Нақл карду ба бало монд. Хайров, ки ҳамеша аз пайи ҷустуҷўйи луқмаи осон буд, чун магас ба ширинӣ дарафтод.
Ниҳоят ба ў муяссар шуд, ки Камолро ба ғорат намудани касса ҷалб намояд. Шиносоии Камол бо набераи Мадалиев тасодуфӣ набуда, балки маҳсули кори страдегии Тўфон буд.
Охир Хайров беҳуда Одиловро қум15 – и хеш намехонд. Аз шахсе, ки мардум аз вохўриаш канорҷўйӣ мекарданд ва барои вайрон кардани қонунҳои ҷорӣ ба зери назорати маъмурӣ гирифта шудааст магар некиеро интизор шудан мумкин аст?,– боре пурсид Камол.
– Ин гапҳоро монед,– гуфт Тўфон, танҳо мардони ҳақиқӣ ба ҳабсхона менишинанд. Оё дар мактаб хондаӣ, ки пешвоёни партияи коммунистӣ Маркс, Энгелс, Ленин ва Сталин қариб нисфи ҳаёти хешро дар ҳабсхонаҳо гузарониданд, – Одиловро ҳимоя карда гуфт Хайров.
Камол он рўз ва боз чандрўзи дигар сари ин масъала андешаронӣ кард ва дар интиҳои кор ба хулосае омад, ки ҳақ ба ҷониби дўсташ аст.
Албатта, ҳар кас ҳосили кишти хеш медаравад ва то ҳанўз касе кишти нодаравро ёд надорад. Имшаб Камол дар байни чор девори бетонӣ дар рў ба рўйи муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ истода, саҳфаҳои дафтари зиндагии хешро варақгардон мекард.
Камол, ки ҷавони чор кас медидагӣ буд, аз рўйи нақшаи кашидаи Тўфон бо Дилором вохўрда, дар ду гап дили духтарро ба даст овард. Чӣ хеле, ки мегўянд дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва Камолу Дилором ҳам харбузаи як палакро мемонданд…
Ҳарчанд Дилором аз рафти саршавии амалиёт бехабар буд, вале ҳамагӣ чанд рўз пас аз ниятҳои нопоки Камол огоҳ шуда, ўро бо роҳи шантаж барои ба хонаашон хостгор фиристодан маҷбур сохт…

пешина
аз 416
навбатӣ