АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ин хел бошад то субҳ ман хоб нашуда барои Тураев далел ҷамъ месозам то, ки «Девори Чин»-аш ҳам зери бори коғазу далел монад...
– Кадом девори Чин?
– Ҳамоне, ки прокурорро ҳимоя мекунад...
… 54 …
Камол Собировро бо рангу рўйи парида ба милиса оварданд. Дар давоми ду– се соати аввал ў об ба даҳон гирифтагӣ барин хомўш буд. Охир ў ҳеҷ гумон надошт, ки ҳамин хел осон ба даст меафтад ва боз дар пеши хонааш. Ҳатто модараш ҳам хабар нашуд. Ў боварии комил дошт, ки милисаҳо оқибат ба ҷон омада сараш медиҳанд ва ё то субҳ дар ҳамин ҷо ўро ба ҳоли худ мегузоранд. Вале ин ҳама хобу хаёл буду халос. Тамоми шаб муфаттиш ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки «шиноси деранааш» буд, ўро ором нагузоштанд ва ҳар гуна саволҳо медонанд ва дар интиҳо ба ҳамаи ин тоб наовард Камол. Ниҳоят ў ба оғози талхи саргузашти хеш пардохт...
Он субҳ модар ба кор рафта, соате пас ба хона баргашт ва гуфт, ки калидҳоро фаромўш кардааст. Ў ҳарчанд хонаро тагурў кард, вале калидҳоро мисли оне, ки замин фурў бурда бошад, наёфт. Аз писараш пурсид, ки мабодо шухӣ карда бошад, вале Камол, ки кайҳо дар бораи ду нусхаи калид доштани кассаро медонист гуфт:
– Оча наход шумо гумон кунед, ки ман калидҳоро гирифтам.
– Не ман ҳеҷ гумон намекунам, вале шаб калидҳо дар сўмкачаам буданд.
– Рафту ягон кас онҳоро дар автобус аз сўмкачаатон кашида гирифта бошад.
Модар дигар бо ў баҳс накарда аз хона баромад ва дар ин бора масъулини заводи хиштро огоҳ сохт. Касе аз роҳбарият ба гўшаи хотир ҳам наовард, ки ин хунукназарӣ оқибат сари касеро ба бод медиҳад Роҳбарият барои истифодаи нусхаи дуюми калидҳо рухсат дод, ки ниҳоят нусхаи аслӣ ба гўшаи фаромўшӣ рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор