АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Тарафҳо ба хулосае омаданд, ки яку якбора дар манзили Хайров кофтуков гузаронанд. Азбаски шаб фаро расида буд, то субҳ Хайров чун парандаҳо лонаашро бояд тарк намекард ва рафту агар ногаҳон ба ягон ҷо рафтани шавад ҳам, хизмати назорати берунӣ, ки барои чунин мавридҳо дастур гирифта буд, ўро дастгир карда ба милиса меоварданд. Маҳз тафтишот рух додани чунин ҳолатро орзу мекард, вале на ҳама кор ба хоҳиши кас вобаста аст. Чӣ хеле, мегўянд дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам.
Ҳарчанд муфаттиш мустақил аст, вале ҳолатҳое мешавад, ки ў ба дастгирии дигарон ниёз дорад ва маҳз яке аз чунин ҳолатҳо ин гузаронидани кофтуков дар манзили шахс аст.
Прокурори ноҳия Тураев ба мақсади ташрифи ногаҳонии муфаттиш Раҷабов мароқ зоҳир карда бошад ҳам, вале ўро дастгири накард. Ў аз муфаттиш далелҳои боътимодтаре талаб кард, вале ҳар қадар Раҷабов бо асноди то ин соат ба дастовардааш прокурорро рози кунонидани шуд, нашуд, ки нашуд...
Сафар Раҷабов бо димоғи сухта аз прокуратура баромад.
Хайрият торик буду ҳеҷ кас авзои парешони ўро надид. Чӣ илоҷ давлат ҳамагуна назоратро ба зиммаи пурокурор гузошта ва ҳамин ваколати баланд прокурорро чун «Девори бузурги Чин» мустаҳкаму дастнорас гардонда...
Абдумаҷидов авзои парешони ўро дида гуфт:
– Ғам нахуред, то субҳ бекор намемонем, фардо бошад бо далелҳои боэътимод, ки прокурорро аз он роҳи гурез нест розигиашро барои кофтуков мегирем.
– Чӣ хел?
– Нуралӣ Алиев Собировро ҳангоми бозгашт ба хонааш дастгир карда ба ин ҷо фиристодааст ва дар ҳамин дақиқаҳо автомашинаи хизмати патрулӣ ўро ба ин ҷо меорад.
– Камолро?
– Бале.
– Модараш хабардор шуда, ҳамаи нишонаҳои ҷиноятро гум мекунад.
– Касе аз дастгир шудани Камол хабардор нашудааст ва дар ин бора ҳангоми ба мухобира баромадани старшинаи милиса Алиев ман пурсидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор