АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… 53 …
Фарбеҳиро танҳо гўсфанд бардоштааст. Сарватро бошад марди сарватманд ва кордида. Тўфон, ки бедарди миён сарвати бузургеро соҳиб шуда буд, чӣ тарз истифодаи онро ҳам намедонист, вагарна ҳеҷ гоҳ онро ду тақсим намекард. Маҳз ду тақсим кардани маблағ баъди амалиёт ва боз аз ҳиссаи хеш барои «Қум» Одилов) додани ду ҳазору шашсад сўм ин хаттои бевоситаи Тўфон Хайров буд. Дар давоми ду ҳафтаи баъди амалиёт ў қариб нисфи ҳиссаи хешро сарф кард, чи хеле, ки дар урфият мегўянд: бод овардаро боз мебарад бод. Дар ду шабонарўзи охир ў ҳатто роҳи хонаро фаромўш кард ва ба айшу вақтхушӣ дода шуд. Ў тасаввур ҳам накард, ки модари бечора аз ғам дилаш хун шуд. Ниҳоят баъди экскурсияи дирўза ва айшу нўши беохир ўро ҳаваси истироҳат ба сар омаду сархуш ба таксие нишаста суроғаеро гуфт. Ронанда баъди бист дақиқа ўро ба он ҷо овард…
Модар маст будани Тўфонро дида, ҳамоно ба «дўсташ»
Абдумаҷидов занг зад ва хоҳиш кард, ки омада аҳволи Тўфонро бинаду ўро насиҳат намояд.
– Хуб шудааст,– гўён Абдумаҷидов гўшакро ба ҷояш гузошта буд, ки телефони дохилӣ занг зад ва навбатдор хабар дод, ки гурўҳи назорати берунӣ ба воситаи мухобира аз ташрифи Хайров ба манзилаш хабар дода, супоришҳои минбаъдаро интизоранд. Ба онҳо гўед, ки назоратро давом диҳанд,– гўён ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гўшакро ба ҷояш гузошт.
Абдумаҷидов ба соати рўйи мизӣ нигарист, ки ақрабаки он ҳаждаҳу даҳ дақиқаро нишон медод, вале дар берун аллакай торики ҳукмфармо буд, чун умри одамӣ рўзҳо кутоҳанд, рўзҳои зимистон аз дил гузаронд ў ва туфангчаашро аз говсандуқ гирифта ба бағалаш заду ба кабинети Раҷабов рафт.
Муфаттишро ин хабари ногаҳони Абдумаҷидов ҳайрон накард, ки гуфт:
– Охир дер ё зуд шахс бояд ёди манзилу маконаш кунад, ҳамчуноне, ки парандагон баробари торикшавӣ ба лонаҳои худ мераванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор