АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Охир шумо то ҳанўз аз руйи қонун ба сини шавҳар баромадан нарасидаед– ку?
– Чӣ шумо тоҷик нестед ва агар тоҷик бошед ин мақоли халқиро нашунидаед,– хандида гуфт Дилором.
– Кадом мақолро?
– О мегўяд ку «духтарро бо тоқӣ зан, агар наафтид вақти шавҳар карданаш расидааст» – бори дигар табассуми латифе намуда гуфт Шафоатова.
Ҳафтае пеш ў дар «Чаҳор китоб» ҷумлаеро хонда буд: – Агар пурсанд, ки «пусти имон чист?». Ҷавоб бигў, ки «шарм аст» ва бо Шафоатова суҳбат карда ба хулосае омад, ки аз Дилором, ки аллакай шарму ҳаёро пеши по задаст некиеро интизор шудан ба гумон аст. Дилором бошад дар ин лаҳзаҳое, ки соҳиби утоқ дар байни адешаҳои хеш ғутта мезад ба хулосае омад, ки тираш ба нишон расид, ки гуфт:
– Хайр чӣ хел?
– Чӣ?
– Бо тоқӣ задани духтар.
– Дар ин ҷо ман бо шумо ҳамақида шуда наметавонам.
– Чаро?
– Намедонам ин ҳамин хел фикри шахси ман, вале ба фикрам риояи қонун барои ҳама ҳатмист.
– Чӣ аз он, ки ман ҳамагӣ чанд моҳ пеш ба шавҳар мебароям магар зараре ба қонун марасад?
– Ин ҷо гап дар сари зарар расидан нест, гап дар бораи риояи қонуни умумибашарӣ меравад.
Занги телефон садо дод ва Абдумаҷидов гўшаки телефонро бардошт.
– Рафиқ лейтенант, ман старшинаи милиса Алиев Нуралӣ,– гуфт соҳиби овоз.
– Як дақиқа сабр кунед,– гуфт Абдумаҷидов ва аз Дилором хоҳиш кард, ки лаҳзае берун барояд. Духтар итоаткорона аз дар берун шуд. – Гўшам ба шумо.
– Мо он мактубчаро ба даст овардем.
– Бо кадом роҳ? – дар ташвиш шуда гуфт лейтенант.
– Мо онро қонунан ба даст овардаем. Хаткашонро аз рафти воқеа огоҳ кардем ва чун соҳибхона омад, ў ба наздаш рафта хабар дод, ки хатеро саҳфан ба қутти почтаи онҳо партофтааст ва дар асл ҳам ў як хатти дигарро низ то омадани соҳибхона ба қуттӣ партофта буд ва соҳибхоназан бе ягон дудилагӣ қуттии почтаро кушод ва хаткашон бо як маҳорати махсус ҳарду хатро якҷоя берун овард, ки ҳатто соҳибхоназан пайхас нашуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо