АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ин ҷо Камол чӣ дахл дорад, маро ҷеғ задед, омадам мақсадатонро гўед, чунки моларам маро ҳамагӣ як соат ҷавоб додааст.
– Гўед, ки шаби 26 ба 27– декабр шумо дар куҷо будед?
Дилором каме ба андеша рафта, мисли оне, ки ягон чизи хубро ба ёд оварда бошад, сар бардошта гуфт.
– Он шаб ман дар хонаи бобоям касал будам.
– Касал будед?
– Ҳа, касал будам.
– Кӣ инро тасдиқ мекунад?
– Чӣ магар касал буданро ҳам тасдиқ кардан лозим?
– Албата.
– Ман ба духтур муроҷиат накардам, вале бобою бибиамро метавонед пурсед. Он шаб ман дар ҳақиқат таби баланд доштам, дар воқеъ гуед, ки ман ягон гуноҳ содир кардам, ки ин қадар маро мепурсед?
– Гуноҳ содир кардаед ё не, рафти минбаъдаи тафтишот ҳал мекунад, вале то кунун ҳеҷ касро бе гуноҳ ба милиса таклиф накардаанд.
– Шоҳидро чӣ?
– Шоҳид ин шахсест, ки ҷиноятро дидааст ва ё бевосита дар бораи он хабар дорад ва маҳз агар ў дар ин бора нишондоди бардуруғ диҳад ва ё аз додани нишондод саркаши кунад, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Акнун гўед, ки оё шоҳид Камолро мешиносад ё не?
– Мешиносам.
– Аз кай боз?
– Қариб як моҳ шуд.
– Ва ҳоло муносибататон дар кадом поя қарордорад?
– Ман ҳоло номзади қонунии ўям.
– Ў алакай хостгор фиристод?
– Бале, ба хонаамон хосгор фиристод.
– Бисёр нағз, вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки туй кай баргузор мегардад?
– Баъди ду ҳафта.
– Чӣ хел баъди ду ҳафта, магар ин шитобкорӣ нест?
– Аллакай масъалаи тўй ҳал шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо