Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва кор ҳам айнан чунин сурат гирифт. Баъди даҳ дақиқа Дилором аз хона берун шуда ба истгоҳ рафт ва баъди чилу панҷ дақиқа хизмати назорати берунӣ ўро дар пеши хонаи Камол вохўрданд. Азбаски дар хона касе набуд, ў ба коғазе чизе навишта ба қутии почта андохт ва аз пеши хона дур шуд.
Дар вақти таъиншуда ў ба милиса омад. Абдумаҷидов дар бораи ташрифи ногаҳонияш ба манзили Камол аллакай медонист. Ба хизмати назорати берунӣ супориш дода шуд, ки илоҷе намуда он хатчаро ба даст оранд ва роҳбари гурўҳи назорати берунӣ старшинаи милиса Алиев Нуралӣ ба воситаи мухобира ба Абдумаҷидов ваъда дод, ки дар ин бора метавонанд осуда бошанд. Аслан, Абдумаҷидов Нуралӣ Алиевро нағз мешинохт ва бовари дошт, ки старшина аз ўҳдаи ин кор бе малол баромада метавонад. Бинобар ин ў Дилоромро дар остонаи утоқи кориаш дида гуфт:
– Марҳамат дароед.
Дилором вориди кабинети ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуда, ба курсие, ки соҳиби ўтоқ нишон дод нишаст.
– Фамилия ва ному насабатон?
– Шафоатова Дилором Абдуғаниевна.
– Рўз, моҳ ва соли таваллуд?
– 12 июни соли 1964.
– Гўед, ки ман пеш аз ин шуморо дар куҷо дидаам?
Дилором ҳанўз лаҳзаи аввалин дар пеши остонаи хонаашон дидани «меҳмон» ўро шинохта буд, вале худро бой надод ва дар ин бора аллакай дар мактубчааш Камолро огоҳ сохта буд гуфт.
– Соате пештар шуморо дар остонаи хонаамон дидам.
– Ман бошам шуморо як ҳафта пештар дар як ҷо дидам шояд ба ёд оред?
– Не, дар ёдам нест,– гуфт Дилором.
– Набошад гўед, ки Камол кист?
– Кадом Камол?
– Ҳамоне, ки ман хонаи модарашро як ҳафта пештар аз шумо пурсида будам?
– Гуфтам– ку ба ёдам нест.
– Ҳайф, ки дар чунин сину сол фаромўшхотир шудаед?

пешина
аз 416
навбатӣ