АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Риск благородное дело, и тот, кто не рискует тот невыигриваеть».
– Ба фикрат Григорий Александрович барои назорати ин чор нафар милиса ҷудо мекунад?
– Ўро роҳи дигаре нест, охир ин аз он беҳтар аст, ки ҳар рўз аз боло гап шунавад.
– Майлаш, ман дар ин бора бо Хайрулоев гапзанон мекунам.
– Ин тарафи корро тезтар бинед, ман бошам худи ҳозир барои овардани Дилором меравам.
– Бисёр хуб, ман ҳам ҳозир пурсиши Ҷонибековро ба анҷом расонида, аз пайи масъалаҳои пешниҳод кардаат мешавам.
Абдумаҷидов ба истгоҳ омада, хонаи Мадалиев рафт ва чун фаҳмид, ки Дилором чанд рўз боз дар хонаи модараш аст, суроғаи Шаҳлоро гирифта, бо бибии Дилором худоҳофизӣ намуда, аз хонаи қаровул берун шуд.
Дарро ба рўйи ў духтари Шаҳло кушода гуфт, ки ба шумо, кӣ даркор?
– Дилором!
– Ин ман,– гуфт духтар ва ўро ба хона таклиф кард.
Дилором духтари миёнақади фарбеҳ буда, чашму абрувони сиёҳ дошт ва умуман дар ҳусну малоҳат камбудие надошт.
– Не, раҳмат ман вақт надорам,– гуён Абдумаҷидов шаҳодатномаи хизматиашро бароварда ба Дилором нишон дод ва гуфт, ки бо ў суҳбат кардан мехоҳад.
– Фақат дар ин ҷо не,– гуфт духтар. – Модарам дар хона нест, чун ў биёяд ман худам ба милиса меоям.
– Шояд пурсед, ки барои чӣ шуморо даъват мекунем?
– Модоме, ки ба суроғаи ман омадед, албатта, ягон гап будагист,– паст наомада гуфт Дилором.
– Майлаш, ман шуморо дар милиса интизор мешавам,– гўён Абдумаҷидов аз остонаи дари хонаи Дилором баргашт. Ў аз телефон автомати сари роҳ ба Раҷабов занг зада, вазъиятро хабар дод.
– Назорати беруниӣ алакай амал карда истодааст, метавонед ба милиса баргардед,– гуфт Раҷабов.
Абдумаҷидов бовари дошт, ки Дилором яку якбора ба милиса не, балки ба назди Камол метозад, то ўро аз хатар огоҳ намояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо