АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Хуб шудаст,– гуфт Абдумаҷидов ва телефони ҷойи корашро ба модари Тўфон дода илтимос кард, ки ба «дўсташ»
гап назанад ва агар Тўфон пайдо шуд ҳатман илоҷе карда ба ман занг занед.
– Кошкӣ гапи шумо ба ў кора кунаду одам шавад, – гуфт соҳибхона.
– Кора мекунад, ман ба шумо ваъда медиҳам,– гуфт Абдумаҷидов ва манзили Тўфонро тарк кард. Ўро ҷуз ба милиса омадан роҳе намонда буд. Раҷабов то ҳанўз бо Ҷонибеков «суҳбат» дошт ва ўро дида ба посбонҳо амр кард, ки то омаданаш «меҳмон» (Ҷонибеков дар назар аст) – ро нигоҳ кунанд ва худ аз утоқи кориаш баромада, ба ошёнаи дуюм ба утоқи кории Абдумаҷидов рафт. Абдумаҷидов воқеаи коро ба муфаттиш фаҳмонда дод ва барои ҳаракатҳои минбаъда ҳарду суҳбат намуданд. Ниҳоят ба хулосае омаданд, ки то дастгир намудани Тўфон бори дигар қаровулро ба милиса ҷеғ зананд.
– Ба фикрам мўйсафед ҳақиқати ҳолро нагуфт умуман он шаб ҷойи кораш набудааст, вале аз чӣ бошад, ки сирро ошкор кардан намехоҳад,– гуфт Раҷабов.
– Ба фикри ман рафиқ лейтенанти калон,– вақтро барои пурсиши мўйсафед беҳуда сарф кардан лозим нест.
– Чаро?
– Мўйсафед ҳеҷ гоҳ ба пойи худ теша заданӣ нест ва ба гумон аст, ки ў нишон додашро дигар кунад ва мо ҳам дар ин ҷо ба муқобили суханони ў ягон далеле надорем.
– Ба фикри шумо чӣ бояд кард, дастонро болои ҳам монда интизор шавем, ки кай модари Тўфон ба шумо занг мезанад.
– Эҳтимол занг ҳам занад, вале мо занги ўро интизор нашуда, аз дигар тараф ба ҳуҷум мегузарем.
– Ва фаҳмидан мехостем, ки ин ҳуҷум чӣ медиҳад?
– Ҷинояткорон ба мудофиа мегузаранд.
– Ва инро мо чӣ хел мефаҳмем?
– Мо бояд аз қафои Тўфон, Фаришта, Мадалиев назорати берунӣ барем ва яку якбора Дилоромро ба милиса биёрем, дар он сурат ин гурўҳи боқимонда дар таҳалуқа афтида ягон чорае хоҳанд дид.
– Ба фикрат ин ягон натиҷае медиҳад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо