АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ман чӣ кор кунам?
– Шумо аз пайи Тўфон шавед. Дилорому Камолро бошад ҳоло ба ҳоли худ гузоред.
– Гумон мекунед, ки Камолу Дилором бегуноҳанд?
– Не, ман ҳеҷ гумон намекунам,– рафиқ лейтенант, вале мо дар даст нисбати Тўфон далелҳои боътимодтаре дорем ва танҳо баъди пурсиши Тўфон мо рафти минбаъдаи тафтишотро муҳокима мекунем.
– Ба шумо дар афшонидани Ҷонибеков барори кор мехоҳам,– гўён лейтенанти милиса Абдумаҷидов аз ҷой бархест.
– Ба шумо ҳам…
Лаҳзае пас аз рафтани Абдумаҷидов Раҷабов гўшакро бардошта, ба навбатдор супориш дод, ки Ҷонибековро ба наздаш биёранд…
… 50 …
Ёфтани манзили Тўфон мушкилиеро ба амал наовард.
Писарбачаи дувоздаҳ – сенздахсолае, ки Абдумаҷидов вохўрд номи Тўфонро шунида бе ягон дудилагӣ лейтенантро ба манзили суроғ намудааш бурд. Модари Тўфон зани чил-чилу панҷсолае буда, торҳои сафеди мўяш сину солашро аз будаш калонтар нишон медод. Ў меҳмонро ба хона таклиф кард, вале Абдумаҷидов узри бисёре пеш оварда гуфт, ки бо Тўфон кор дорад.
– Тўфон ду шаб ин ҷониб дар хона нест,– оҳ кашида гуфт модар.
– Ба куҷо рафтанашро намедонед?
– Эй бачаме, гўё худат Тўфонро намедонӣ, – гуфт зан.
Абдумаҷидов фаҳмид, ки модари Тўфон аз милиса буданаш хабар надорад ва инро танҳо ба манфиати кор шумурда гуфт, ки кию чӣ будани Тўфонро медонам, вале ҳеҷ гумон надоштам, ки Тўфон модарро огоҳ насохта ҳамин хел ғайб занад.
– Охир шумо, ки ҷўраҳояш ҳастед ўро насиҳат кунед, – гуфт модар.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо