Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Охир ин чӣ хел мешавад?– гуфт Шаҳло. Дилором баъди панҷ моҳ ба ҳаждаҳ медарояд.
– Чӣ зарар дорад? – гуфт Фаришта, – ҳоло аз никоҳи мусулмонӣ гузаранд шуд, пас чун солашро гирифт ҳарду дасто ба даст ба Хонаи ақди никоҳ рафта он хатчаи ЗАГС– ро мегиранд. Рафту Дилором бо Камол забон як карда, кассаи заводро ғорат карда бошанд чӣ?
– Ҳеҷ боварам намеояд. То кадом андоза Дилором гунаҳкор аст намедонам, вале Камол бе гуноҳ нест ва маҳз ҳамин хостгории таъҷилӣ аз рўйи тарс аст, чунки бо ин роҳ мехоҳад Дилоромро, ки сирри ўро медонад ором кунад,– аз дил гузаронд Ҳотам Мадалиев».

… 49…

Дар мактубе, ки аз бонки сохтмонӣ ба унвони бахши тафтишоти милиса омада буд гуфта мешуд, купюрҳои даҳсўма, серия ва рақамашон дар мактуб нишон дода шуда буд рўзи 26– декабр ба заводи хишти ноҳияи Гулистон дода шудаанд. Ана ин нишондоди таъҷилии Одилов барои чӣ будааст,–аз дил гузаронд Абдумаҷидов баъди шиносои бо мактуби бонк.
Сафар Раҷабов дар давоми се соли кораш дар тафтишот ба хулосае омада буд бояд кормандоне, ки аз рўйи як парвандаи ҷиноятӣ кор мекунанд аз ҳамаи ҷузъиётҳои хурдтарини тафтишот огоҳ бошанд. Маҳз барои ҳамин ў лейтенанти милиса Абдумаҷидовро ба ҳамаи протоколҳои пурсиш шинос карда буд ва Абдумаҷидов ҳам чизеро дар ин ҷода ба истиснои хабарҳои оперативӣ аз муфаттиш пинҳон намедошт.
Маҳз сабаби пеш нарафтани кор дар баъзе шуъбаҳо дар он аст, ки «дасти рост чӣ кор мекунад дасти чап намедонад» ҳар кас курпаро ба тарафи худ кашидани мешавад, ҳар кӣ мехоҳад, ки дар назди сардор худро аз ҳамкораш болотар гузорад ва маҳз ҳамин кашмакашиҳои беҳуда боиси паст шудани дараҷаи кушодашавии ҷиноят мегардад,– гуфта буд Раҷабов рўзи якуми парвандаи ҷиноятиро ба истеҳсолот қабул карданаш. Ва имрўз Абдумаҷидов ба дурусти суханони муфаттиш бори дигар боварии комил ҳосил кард. Имрўз аз шаҳри Қайроқум барои бурдани Ҷонибеков конвой меояд, бинобар ин ман ўро бояд як бори дигар ҳам пурсам, то пас аз рафтанаш боз худро мазамат накунем,– гуфт муфаттиш.

пешина
аз 416
навбатӣ