Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Не, вале ин ҷо ҳар кор шуданаш мумкин, охир ман ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе мерасаду шахсе, ки бароям некӣ кардааст, ба ивази ҷони хеш мефурўшам.
– Ин ҷо ягон хиёнатеро намебинам, агар …
– Агар чӣ?
– Агар пулҳое, ки Тўфон барои шумо қарз додаст, моли худаш бошанд?
Пас аз имзои нишондодаш бо амри лейтенант посбонҳо Одиловро бурданд. Дигар ба хонаи иҷоравӣ рафтан маъние надошт, чунки ақрабаки соат 02 20 дақиқаи рўзи навро нишон медод.
Ў бистарашро болои мизи кориаш, ки шакли «т» – ро дошт паҳн карда дароз кашид. Нишондоди таъҷилии Одилов ўро ба ҳайрат гузошта буд. Саволе ўро ором намегузошт, чаро Одилов то субҳ сабр накард? Албатта, Одилов аз он шахсоне набуд, ки аз рўйи қарзи шаҳрвандӣ ба тафтишот ёрӣ расонад. Шиносоии Одилов бо Маҳмадова, дил додани Камол бо Дилором, дўстии Камол бо Тўфон, ҳам чун ҳалқаи як шадда мисли лентаи кино аз пеши назари лейтенанти милиса Абдумаҷидов гузаштанд.
Одилов гурги борондида аст ва ҳамеша мекушад, ки аз об хушк барояд, вале дуздию ғариро аз саргини хар хубтар пинҳонгоҳе нест ва чунин пинҳонгоҳ поянда нест. Албатта, Одилов нишондоди таъҷилиашро танҳо аз рўйи зарурият (маҷбурӣ) ба манфиати хеш дод. Ўро ба ҷуз худаш дигар ҳимоячие нест. Фардо субҳ сараввал бо муфаттиш дар ин бора маслиҳат кардан даркор, охир мо то ҳанўз нисбат ба Тўфон ягон далел надорем. Танҳо баъди гирифтани ҷавоби мактуби Раҷабов дар бораи пулҳои аз киссаи Одилов ёфтшуда, ба хулосаи аниқе омадан мумкин…

… 48 …

Дар дигар гўшаи шаҳр низ хоб чашмони меҳмонеро тарк карда буд, ў ҳам қариб чун лейтенанти милиса Абдумаҷидов андешаронӣ мекард. Суханони Фаришта «Қудо ин корро дар давоми ду ҳафта тахт кардан лозим» то ҳанўз дар гўшаш садо медоданд.

пешина
аз 416
навбатӣ