АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Дар ин давом мо боз се чор маротиба вохўрдем. Ман ба хулосае омадам, ки Тўфон эгоисти гузарост, чунки аз руи ақидаҳояш ў корро хуш надошт вале зиндагии боҳашаматро орзу мекард. Тахминан панҷ ё шаш рўз пештар нохост бо Тўфон рў ба рў омадам. Аз ин вохури ў ниҳоят хурсанд шуд ва табъи хираи манро дида гуфт, ки чаро шумо чунин руҳафтода менамоед.
– Гуфтам, ки Тўфон ҳоло ту ҷавони ва то ҳанўз намедони, ки бори зиндагӣ чист, ў гуфт, бегоҳи манро дар назди боғи Ғалаба интизор шавед. Дар вақти таъиншуда ман ба ҷойи вохури рафтам ва Тўфон манро ба қаҳвахонаи «Зафар» таклиф кард. Мо дар он қаҳвахонаи зебо чанд соат суҳбат кардем.
Сипас ҳарду аз қаҳвахона баромада ба ҷойи вохурии аввалаамро омадем ва Тўфон коғазпечеро ба киссаи ман андохта гуфт, ки «Кум» ин ҷо каме пул ҳаст туҳфа аз ман. Ман ба ў гуфтам, ки то ҳанўз ба гирифтани туҳфа одат накардам ва чун дастам расид албата қарзро бармегардонам. Тўфон ба инаш ҳам рози шуда гуфт, ки кадом вақте, ки дастатон расид ҳамон вақт бармегардонед вале беҳтар мешуд, ки ин фикрро аз сар дур мекардед. Мо дар ҳамон ҷо ҷудо шудем. Дар дохили коғазпеч кам не ғам не дуҳазору шашсад сўм буд. Ман гумон кардам, ки Тўфон хатто карда коғазпечро ба ман дода аст аз ин ру ҳамаи он пулҳоро дар киссаам гирифтам то ба соҳибаш баргардонам. Аз баски ман суроғаи ўро аниқ намедонистам ду се маротиба ба маҳалаи атрофии заводи хишт рафтам вале Тўфонро дучор наомадам. Рўзи – 1 январ низ ман коғазпечро гирифта ба суроғи Тўфон рафтани будам, вале дар кўчаи Комсомол бо Руслан Ҷонибеков вахўрдам ва чун ў манро ба тарабхонаи Вахш таклиф намуд ҳангоми ҳисоби намудан ман ҳамчун соҳибхона пешдасти намуда сад сўми ба пешхизмати тарабхона додам ва боқимонда ду ҳазору панҷсад сўмашро ҳангоми манро ба ин ҷо овардан кормандони шумо акт тартиб дода гирифтанд.
– Оё ҳамин нишондодатонро субҳи фардо гуфта намешуд?
– Одам шири хом хурда, тарсидам то субҳ боз ақидаам дигар нашавад.
– Оё тез– тез ақидаатон дигар мешавад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо