Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Пас гуед, ки он шахсе, ки шумо ин қадар ёдаш кардед кист.
– Тўфон
– О ҳамин тахалусро ба ман гуфта будед ку?
– Гап дар сари он, ки ин тахалус не ин номаш.
– Фамилияаш?
– Фамилияашро намедонам вале бо чунин ном ёфтани шахс душворие надорад.
– Ҷойи кораш?
– У дар ягон ҷо кор намекунад.
– Суроғааш?
– Дар наздикиҳои заводи хишт зиндаги дорад аниқашро намедонам.
– Шумо чи хел шинос шудед?
– Ин саргузашти аҷибест ва ба гумон аст, ки ба шумо маъқул шавад.
– Ба ҳар ҳол?
– Ман бо ў дар як хонаи шиносам вохўрдам.
– Номаш?
– Фаришта.
– Муфасалтар карда гап занед.
– Ин воқеа тахминан се моҳ пештар дар рўзи мавлуди писари Фаришта – Камол рух дод. Аз баски ман аз солҳои мактабхони бо Фариштабону нону намакхурем дар рўзи мавлуди писараш моро ба хонааш таклиф кард ва ману ҳамсарам ба он ҷо рафтем. Дар байни даъват шудагон Тўфон ҳам буд, ки дар асл аз номаш мондани надорад. Маҳз ҳамин хислатҳои Тўфон сабаб шуду мо шинос шудем.
– Ба шиносои шумо, ки мусоидат кард.
– Ҳоло ҷузъиётҳои хурди ин вохури аз ёдам рафтааст вале ба фикрам худи Тўфон ба назди ман омада худро муарифи кард ва гуфт, ки Усмон ака ман шуморо нағз мешиносам . Ман он лаҳза аввал суханони Тўфонро киноя шумурдааз Камол андаке ранҷидам ки ў кию чӣ касс буданамро ба Тўфон хабар дода буд.
Вале дар ҳақиқат ў манро кумир13 дониста будааст.
– Ўро низ Фаришта даъват карда буд?
– Не ба фикрам ўро Камол даъват намуда буд.
– Дигар шумо вахўрдед ё не?

пешина
аз 416
навбатӣ