Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баъди даҳ дақиқа, ў бо аҳли хонадон хайрухуш карда ба истгоҳ омад. Ба автомашинаи милиса нишаста ба андеша фурў рафт: ў набераи Мадалиев ва писари Маҳмадоваро пеши назар оварда қарор дод, ки агар аз Одилов нишондоди барои тафтишот лозимиро гирифта натавонад, субҳи фардо набераи қаровулро ба милиса даъват менамоянд. Аз чӣ бошад, ки ў боварӣ дошт, ки сирри дўздии кассаи заводи хишт маҳз дар дасти Дилором аст.
Абдумаҷидов тамоми роҳ кушиш ба харҷ дод, ки пайвастагиеро дар муносибати Камол ва Дилором дарёбад ва интиҳо ба хулосае омад, ки агар ин ду нафар ба ҷинояти мазкур ба таври ростхата ҳам набошад ғайримустақим ба ин дуздӣ пайвастагӣ доранд.
Автомашина дар назди бинои милиса истод ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ аз он берун омада, вориди бино шуд.
– Аслан айби худатон агар телефонро намемондед сержант Раҳимов ба шумо занг намезад. Он лаҳза ман набудам вагарна ўро зангзанӣ намемондам,– гуфт Бутаков.
Боке нест, рафиқ капитан, акнун супориш диҳед, ки Одиловро ба утоқи кории ман биёранд,– гўён Абдумаҷидов ба ошёнаи дуюм баромад…
… 46 …

Одиловро дар иҳотаи ду посбон (конвой) ба утоқи кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ оварданд.
– Шумо манро хоҳиши дидан намудед?
– Ҳа.
– Сабаб?
– Ман дирўз дуруғ гуфтам.
– Акнун шумо имконият доред, ки росташро гўед.
– Ман ин пулҳоро дар ҳақиқат аз як кас қарз гирифтам ва дар танҳои истода ба хулосае омадам, ки агар номи ўро ба шумо нагуям аз эҳтимол дур нест, ки пагоҳ дер шавад…
– Чи хел?
– Чунки имрўз ё пагоҳ шумо шахсияти он касро муайян мекунед ва агар ў ҷинояте содир карда бошад бандаро ҳам ҳамчун шарик ё чихеле дар забони шумо мегўянд иштирокчи ба ҷазо мекашед.

пешина
аз 416
навбатӣ