АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Александр ҳам ба Акбар аллакай ғоибона шинос буд.
Барои шиносоӣ нишастагон ғайр аз Наталья Василевна ҳама қадаҳ бардоштанд ва Абдумаҷидов ҳам таклифи соҳибхонаро рад карда натавонист. Як сол пеш Александр омўзишгоҳи олии ҳарбӣ авиатсионию – инжинерии ба номи Яков Алкснис– и шаҳри Ригаро хатм карда, бо роҳхат барои давом додани хизмат ба яке аз қисмҳои ҳарбии ҳавоии округи Байрақи сурхдори Москва ба хизмат фиристода шуд. Унвони лейтенант дорад. Ҳоло баъди як соли хизмат рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба зодгоҳаш, ба айёдати падару модараш омадааст…
Александр ҳам чун падару модар ва хоҳараш дилдодаи ин сарзамин зархез буд ва расму таомули тоҷиконро аз ҳама боло медонист. Ин буд, ки ў интихоби хоҳарашро дар шоҳроҳи зиндагӣ бе ягон дудилагӣ пазируфт ва аз лаҳзаи аввали шиносоӣ бо Акбар нисбат ба ў ақидаи мусбӣ пайдо кард.
Наташа аз он хурсанд буд, ки ҷавони дўстдоштааш ба бародараш маъқул шуд. Ҳарчанд Александр масъалаи помолвка13 – ро бардошт, вале Наташа розӣ нашуд. Ў гуфт, ки ин тарафи масъаларо бояд падару модари Акбар омада ҳал кунанд ва дар ин зимистон ташвиш додани онҳо хуб нест.
– Чӣ, то Сағирдашт магар роҳ дур аст?– пурсид Александр.
– Роҳ– ку дур нест, вале омаданаш душвор, – гуфт Наташа.
Занги телефон садо доду Наташа маъзарат пурсида аз меҳмонхона берун шуд ва баъди лаҳзае дарро кушода ба тарафи Акбар ишора намуда гуфт, ки ўро мепурсанд.
Акбар гўшакро аз дасти маҳбубааш гирифта гуфт:
– Абдумаҷидов гўш мекунад.
–Рафиқ лейтенант, Одилов ҳатман шуморо дидан мехоҳад,– хабар дод ёрдамчии навбатдор Раҳимов.
– Ў чӣ мехоҳад?
– Мегўяд, ки фамилия ва суроғаи кадом як Тўфонеро ба ёд овардааст.
– Чӣ то субҳ тоқат карда наметавонад.
– Не, ў вохўрии таъҷилиро талаб дорад.
– Набошад автомашинаро фиристед, ман ба роҳ мебароям.
– Шумо дар куҷоед?
– Дар истгоҳи охири Зарафшон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо