Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

… 45 …

Фаришта лақоту хаста, вале бо табъи болида вориди хона шуд. Камол, ки ба тамошои оинаи нилгун саргарм буд ба истиқболи модар хеста, аз тағояш ва ҳамсоя пурсон шуд.
– Тағоят дар пеши хонааш фаромад, ҳамсоя ба хонааш рафт.
– Корҳо чӣ хел оча?
– Нағз.
– Дилоромро дидӣ?
– Албата.
– Ба шумо маъқул шуд?
– Дар зоҳир зебост, вале ботинашро Худо медонад.
– Оча, боз ҳамон шиносат омада буд.
– Кадом шиносам?
– Акбар ба шумо гуфтам, ки як рўз ду рўз пеш аз соли нав омада буд.
– Ў дар куҷо кор мекунад?
– Намедонам.
– Чаро ҷойи корашро напурсидӣ?
– Ў аз ман ду– се сол калонтар ва ё шояд ҳамсину соли ман бошад.
– Хайр чӣ, мепурсиди охир.
– Фарқаш чӣ, ки ў дар куҷо кор мекунад?
– Рафту милиса бошад чӣ?
– Милиса, эй Худо нигоҳ дорад,– гуфт Камол ва илова кард, ки дар бораи хонаи Дилором ба хостгори рафтанатон ба ў нақл кардам …
Фаришта тамоми шаб мижа таҳ накард. Ўро як фикр ором намегузошт ин Акбараш, ки бошад. Дилаш аз омадани ҳодисаи нохуше гувоҳӣ медод…
Акбарро дар остона худи Наташа пешвоз гирифта, ўро рост ба меҳмонхона бурд. Нишастагон ба ҳурмати ў аз ҷой бархостанд. Ў ба ҳозирин даст дода худро муаррифӣ кард.
– Саша,– гуфт ҷавони ношиносе, ки ҳамроҳи падару модари Наташа менишаст. Дар бораи Саша Акбар аз Наташа бисёр суханҳои хубе шунида буд ва ўро ғойибона нағз мешинохт.

пешина
аз 416
навбатӣ