АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳақ ба ҷониби рафиқ капитан аст,– гуфтШопуров, вале мо ҳам чунонашро ёбем, ки рафиқ капитан ин дафъа ангушти ҳайрат газад…
– Иншоолоҳ,– гуфт Раҳимов.
– Мебинем…
… 44 …
Наташа, ки ду соат боз занг задани Акбарро интизор буд, баробари занг задани телефон чун тири аз камон ҷаста аз меҳмонхона баромада гўшакро бардошт. Ў овози Акбарро шунида лаҳзае хомўш шуд.
– Алло мегуфт Акбар ва Наташа баръакс овоз набароварда ба нафаскаши ҷавони дўстдоштааш ва ба суханони ў нисбат ба телефону телефонистҳо, ки як умр аз беаҳмиятии онҳо мардум имконияти гап задан надоранд гўш дода, ҳаловат бурд ва аз бими оне, ки нохост гўшакро ба ҷояш нагузорад, гулу равшан кард…
– Наташа ин туӣ.
– Боз кӣ ҳам мешуд, – пас аз салом хандида гуфт духтар.
– Туро гўш мекунам.
– Ба хона биё.
– Тенҷӣ ҳаст?
– Матитсин Александр Василевич12 омадааст мехоҳад бо ту шинос шавад.
– Ҳоло ў дар куҷост?
– Дар хона.
– Майлаш, меоям.
– Ҳарчанд корҳои дигаре ҳам дошт, вале сухани маҳбубаашро шикастан нахост. Модоме, ки ба сир (чеснок) дил бастӣ аз бўяш натарс ва модоме, ки хоҳарашро дўст доштӣ аз шиносойи бо бародараш сар мапеч,– аз дил гузаронд Абдумаҷидов ва аз зинаҳо ба поён фаромада, ба навбатдор рақами телефонеро дода гуфт, ки агар лозим шавад ба ў бо ҳамин телефон занг зананд ва аз бинои милиса берун шуд…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо